Дар шабу рӯзи баҳори имсола, ки болоравии нарху навои маҳсулот дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон то як андоза хотири сокинонро парешон кардааст, чанд рӯзи пеш ҳунармандони шаҳри Сарбанд талош намуданд, табъи шаҳрвандонро бо таронаву ҳунаранамоии худ болида созанд.
Дар баробари пешниҳоди барномаи рангини консертӣ, намояндагони корхонаву муассисаҳои шаҳри Сарбанд, маҳсулоти худро аз қабили меваву сабзаҷот, орду тухм ва дигар анвои ғизоиро бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди харидорон намуданд.
Гуфтанист рӯзҳои фарҳангии шаҳру навоҳии Тоҷикистон дар Душанбе бо қарори шаҳрдорӣ бахшида ба 20-мин солгарди истиқлолияти кишвар дар рӯзҳои истироҳатӣ доир мешавад.
Ва тавассути чунин рӯзҳои сокинони пойтахт дар баробари истироҳати маънавӣ имкони харидории маҳсулоти арзони кишоварзиро пайдо мекунанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста