Душанбе. 7-уми июн. «Азия-Плюс» — | Созмони Милали Муттаҳид дастрасии озодона ба шабакаи ҷаҳонии Интернетро ба феҳристи ҳуқуқҳои заминавии инсон ворид сохт. Тавре дар гузориши созмон таъкид мешавад, шабакаи Интернет – воситаи ивазнашавандаи татбиқи як қатор ҳуқуқҳои инсон, мубориза алайҳи нобаробарӣ ва рушду пешрафт аст.
Гузориши СММ баҳри дастгирии истифодаи озодонаи шабакаи Интернет ба сифати барномаи ҷудонашавандаи коммуникатсионӣ барои ҳамаи ҷомеаи демократӣ равона гардида, ҳамчунин бобати дар чашми мансабдорон ба чӣ гуна душмане табдил ёфтани он маълумот медиҳад. «Имконот ва афзалияти бузурги Интернет дар суръати интиқоли маълумот, дастраси умум будани он ва махфӣ боқӣ мондани сарчашмаи аслии он ифода ёфта, ҳамзамон ин хусусияти паҳнкунии маълумот дар замони воқеъӣ аз ҷониби шахсони ҷудогона миёни ҳукуматҳо тарсу ҳарос ба вуҷуд меорад, ки ба маҳдудияти дастрасӣ ба шабака, қатъи фаъолияти он тавассути технологияҳои муосир, ошкор сохтани афроди фаъоли шабака, ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо ва қабули қонунҳои иҷозатмедода ба он боис мегардад», - омадааст дар гузориш.
Барои исботи гуфтаҳои худ муаллифон ба гунаи мисол ҳодисаҳои манъи дастрасӣ ба шабака дар кишварҳои ҷаҳони араб ҳангоми гирдиҳамойиҳои оммавӣ ва ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани муассиси сомонаи пурсарусадои Wikileaks Ҷулиан Ассанжро ёдрас менамоянд.
Дар гузориш таъкид мегардад, ки «таъмини дастрасии ҳамаи шахсон ба Интернет бояд яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳар як давлат бошад».
Дар ҳамин ҳол, ахири моҳи майи соли ҷорӣ ваколатдори муваққатии ИМА Кэрол Фуллер зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои доимии Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар шаҳри Вена аз вазъи озодии ВАО дар як қатор кишварҳои узви САҲА, аз ҷумла Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард. Кэрол Фкллер аз ҷумла изҳор дошта буд, ки ИМА бобати ҷорӣ сохтани маҳдудият ба дастрасӣ ба Интернет дар Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки ба фаъолияти рӯзмарраву мустақими аъзои мухолифини сиёсӣ ва гурӯҳҳои динӣ монеъа эҷод месозад, нигарон аст.
Ёдрас мекунем, ки иқдоми ахири ҳукуматдорони Тоҷикистон дар ин самт манъи муваққатии дастрасӣ ба сомонаи бародарони рӯҳонӣ Тӯраҷонзодаҳо буд.
Дар таърихи 20-уми майи соли ҷорӣ Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ бо ирсоли номае ба унвони интернет-провайдерони Тоҷикистон, аз онҳо дархост кард, ки бинобар ба вуҷуд омадани сабабҳои техникӣ, муваққатан дастрасӣ ба сомонаи www.turajon.com қатъ карда шавад.
Дар робита ба масъалаи мазкур раиси Иттҳодияи интернет-провайдерони Тоҷикистон Парвина Ибодова чунин ибрози андеша карда буд, ки дар амали зикршуда ангезаҳои сиёсӣ ба мушоҳида мерасанд.
Ба ақидаи коршиносон, сабабҳои ба ин монанд ҳукуматдорони кишварро водор сохтанд, ки моҳи октябри соли гузашта дастрасӣ ба як қатор сомонаҳои ҷудогона, аз ҷумла Ferghana.ru, Centrasia.ru, Tjknews.com-ро низ қатъ созанд.
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Арзиши хидматрасониҳои муассисаҳои хусусии томактабии Тоҷикистон пасттарин дар Осиёи Марказӣ аст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2025
Гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон: харита ва реҷаи кори онҳо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста