Душанбе. 16-уми июн. «Азия-Плюс» — | Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ИЖТ қазияи боздошти рӯзноманигори Би-Би-Си дар Хуҷандро таҳти назорат қарор дорад ва масъаларо мавриди омӯзиш қарор додааст.
«Баъди огоҳ шудан аз сабабҳои боздошт ва бо кадом моддаҳо расман ба ӯ айб эълон шудан, бо адвокати ӯ вохӯрда, ҳамчунин ИЖТ метавонад аз рӯйи ин масъала як изҳороте низ пахш созад», - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) Нуриддин Қаршибоев дар робита ба ин масъала ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» чунин ибрози андеша намуд, ки дар ҳама гуна кишвари ҷаҳон боздошт ва ба ҳабс гирифтани шаҳрвнд мутобиқи қонунгузорӣ сурат мегирад. «То замоне, ки додгоҳ ҳукми Усмоновро дар содир намудани ин ё он ҷиноят содир насозад, ҳеҷ яке аз мақомоти давлатӣ ё касе ҳуқуқ надорад, ки ӯро ҷинояткор номад», - гуфт номбурда.
Қаршибоев ҳамчунин афзуд, АМВАОМТ ҷиҳати расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба Ӯрунбой Усмонов омода аст.
Ёдрас мекунем, ки кормандони милиса хабарнигори Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонови 60-соларо дар таърихи 14-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Хуҷанд боздошт карданд.
Маҳмадулло Асадуллоев, сардори маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ мегӯяд, ӯ ба узвият дар ҳизби фаъолияташ манъшудаи «Ҳизб-ут-Таҳрир гумонбар дониста шуда, соли 2009 ихтиёрӣ ба сафи ин ҳизб шомил ва ба таблиғоти афкори моҳияти ифротгароидоштаи ин ҳаракат дар шабакаҳои Интернет машғул будааст. «Боздоштшуда ба паҳн кардани варақаву адабиёти дорои хусусияти ифротгароӣ низ даст дошта, аз сокинони вилоят даъват ба амал меовардааст, ки ба сафи «Ҳизб-ут-Таҳрир» бипайванданд», - гуфт Асадуллоев.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста