Кӯлоб. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 1813 га, аз ҷумла беш аз 200 га заминҳои обии бекорхобида ошкор карда шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори кумитаи минтақавии заминсозӣ Тоҳир Саидов хабар дод, миқдори бештари заминҳо бекорхобида ба ноҳияи Фархор рост меоянд. «Агар ба 105 га заминҳои бекорхобидаи обӣ ботлоқшавӣ, мавҷуд набудани каналҳои гидротехникии обёрӣ ва ғайраро сабаб пеш оранд, пас заминҳои бекорхобидаи лалмӣ тамоман бесоҳиб партофта шудаанд», - гуфт ӯ.
Ба қавли Т.Саидов, аз рӯйи нархҳои соли 2010 ҳаҷми маблағи андози ягона барои 1 га замин дар ноҳияи Фархор 87 сомониро ташкил медиҳад, вале сарфи назар аз пардохтани чунин маблағи андоз, хоҷагиҳо 1110 га заминро истифода намекунанд. «Мутахассисони кумита бо назардошти ҳисоби арзиши ҳосилнокии зироати ғалладона дар ноҳияи Фархор, ба омодасозии қарор бобати ҷаримабандии хоҷагиҳо барои истифода набурдани замин машғуланд», - иброз дошт вай.
Сардори кумитаи минтақавии заминсозӣ мегӯяд, соли равон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 401 ҳолати риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи истифода замин ба қайд гирифта шудааст. «Аз ин микдор 327 нафар қонуншиканон дар ҳаҷми 98 ҳазору 297 сомони ҷаримабандӣ шуда, маводи 42 нафари дигар ба мақомоти додситонӣ ирсол шуд», - афзуд Т.Саидов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста