Душанбе. 23-юми июл. «Азия-Плюс» — | Дар соли хониши 2011-2012 барои таҳсил тариқи квотаи президентӣ дар 20 мактаби олии кишвар 1145 (591 ҷой барои духтарон ва 554 ҷой барои писарон) ҷой ҷудо карда шудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати муассисаҳои таълимоти касбӣ ва маълумоти баъдидипломии Вазорати маорифи кишвар Ҳокимхон Валиев хабар дод, феълан тибқи фармони вазири маориф, гурӯҳи корие таъсис дода шудааст, ки аз 13-уми июн то 8-уми июли соли ҷорӣ дар шаҳру навоҳии кишвар номзадҳо ба квотаи президентӣ аз ҳисоби хатмкунадагони макотиби таҳсилоти умумиро интихоб менамояд. «Комиссияи мазкур бо мақсади интихоби шаффоф ва воқеъии номзадҳои арзанда барои таҳсил тариқи квотаи президентӣ таъсис дода шуда, интихоби номзадҳо бо иштироки роҳбарону омӯзгорон, намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шӯъбаи маорифи шаҳру навоҳӣ, падару модарон ва намояндагони ВАО сурат хоҳад гирифт», - гуфт ӯ.
Ба қавли Ҳ.Валиев, соли равон нисбат ба соли гузашта шумори квотахои президентӣ ба андозаи 64 адад коҳиш ёфт, ки ин чандон назаррас нест. «Квотаи аз ҳама бештар ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров – 191 ҷой, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав – 181 ҷой, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон – 135 ҷой, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино – 104 ҷой ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – 45 ҷой ҷудо гардида, 489 квотаи боқимонда миёни 15 макотиби олии дигар тақсим карда шуд», - афзуд номбурда.
Ёдрас мекунем, ки тариқи квотаи президентӣ хатмкунандагон аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба таври ройгон дар макотиби олии кишвар ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Таври маъмул, донишҷӯёни тариқи квота қабулшуда касберо интихоб мекунанд, ки ба он дар маҳалли иқомати хатмкунанда ниёз мавҷуд бошад.
Ин барнома бояд ба омодакунии мутахассисон барои кор дар манотиқи мухталифи кишвар мусоидат намояд. Шумораи квотаҳо бо дархости мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ муқаррар карда мешавад.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста