Душанбе. 24-уми июн. «Азия-Плюс» — | Ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар маркази таваҷҷӯҳи маҷлиси аввалини гурӯҳи нави кории байниидоравӣ мебошад, ки бо ташаббуси Агентии Байналмилалии ИМА оид ба рушд (USAID) ва лоиҳаи Ташаббуси рушди маҳал (ТРМ) созмон дода шуд. Гурӯҳи корӣ як қисми барномаи “Соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ то соли 2025” ба ҳисоб меравад.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, Алимурод Тағоймуродов, Мудири кулли Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, Кэвин Дин, Ҷонишини Роҳбарии намояндагии USAID дар Тоҷикистон, намояндагони вазоратҳо ва корхонаҳо ва мақомоти вилоятҳои Суғд, Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ ва Хатлон дар созмони гурӯҳи корӣ ширкат варзиданд.
“Ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ барои Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. Ба воситаи фароҳам овардани шароитҳои иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилотӣ, ғайримарказикунонии хизматрасониҳо ва ташаккули рақобат имконияти ба даст овардани як системаи амалкунанда барои дастгирии аҳолӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Инчунин дастрасии ҳар як мизоҷ ба хизматрасонӣ ва сифати хизматрасонӣ беҳтар карда мешавад" – иброз дошт дар баромади худ Кэвин Дин..
Лоиҳаи USAID ТРМ ба гурӯҳи кории ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ ба воситаи ташкил намудан ва ба нақша даровардани кори он, муайян намудани қонунҳои зарурӣ барои ислоҳоти соҳа, таъмини маводи зарурӣ ва маълумот, ташкил намудани омӯзишҳо, аз он ҷумла ташкили сафарҳои омӯзишии минтақавӣ ва байналмилалӣ кӯмак менамояд.
Хоҷагии манзилию коммуналӣ барои намояндагии USAID дар Тоҷикистон низ яке аз масоили аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Лоиҳаҳои ба наздикӣ татбиқгашта аз қабили қонун “Дар бораи нигоҳубини биноҳои бисёрҳуҷра ва иттиҳодияҳои соҳибони манзил” ва гузаронидани санҷиши васеъи ҳолати таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария дар зиёда аз 4000 манотиқи зисти аҳолии Тоҷикистон далели ин гуфтаҳо мебошанд.
Лоиҳаи USAID “Ташаббуси рушди маҳал” яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошад, ки аз тарафи мардуми Амрико ба воситаи ташкилоти USAID татбиқ карда мешаванд. Аз соли 1993 инҷониб сафорати ИМА маблағи 984 миллион долларро барои барномаҳое, ки амнияти Тоҷикистон, ниҳодҳои демократии он, сектори иҷтимоӣ ва рушди иқтисодии онро дастгирӣ менамоянд, таъмин намудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста