Душанбе. 28—уми июн. «Азия-Плюс» — | Имрӯз аз майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт таҳти унвони «Ҳаёт – ин ҳаракат аст» автомарафони шахсони имконияташон маҳдуд шурӯъ шуд, ки дар он 25 нафар маъюбон аз тамоми гӯшаву канори кишвар ширкат меварзанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси Ҷамъияти маъюбони «Имконият»-и шаҳри Душанбе Асадулло Зикрихудоев хабар дод, масфоаи автомарафон 1 ҳазор километрро ташкил дода, он бо мақсади таблиғи фаъолияти ҳаракати маъюбон дар замони истиқлолият, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ва фаъол гардонидани афроди имконияташон маҳдуд дар минтақаҳои кишвар аст.
Дар автомашинаҳои дар марафон ширкатдошта шиорҳо бо навиштаҷоти «Шахсони имконияташон маҳдуд низ узви ҷудонашавандаи ҷомеа буда, 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистонро истиқбол мегиранд» дарҷ ёфтааст.
Ба қавли А.Зикрихудоев, хатсайри автомарафон ноҳияҳои Хуросон, шаҳри Қӯргонтеппа, Сарбанд, Данғара, ноҳияи Восеъ ва Кӯлобро дарбар гирифта, бозгашт тавссути Норак ва ноҳияи Ваҳдат сурат мегирад. Автомарафон рӯзи 1-уми июл дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт ба итмом мерасад. «Дар давоми чор рӯз иштирокчиёни автомарафон бо намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мулоқот ороста, ба онҳо изҳороти худро месупоранд, ки дар он гуфта мешавад, зимни қабули қарорҳо назардошти манфиати маъюбон зарур аст», - мегӯяд ӯ.
Номбурда афзуд, дар баргузории автомарафон онҳоро филиали тоҷикистонии Институти «Ҷомеаи кушод – Фонди Мусоидат» ва ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон дастгирӣ кардаанд.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста