Душанбе. 28-уми июн. «Азия-Плюс» — | 27 июн Котиб Клинтон Гузориши Департаменти давлатиро оид ба хариду фурӯши одамонро барои соли 2011ирсол намуд. Ҳадаф аз ин гузориши солона ҳидоят намудан ба амалиёт ва созмон додани шарикиҳо дар саросари ҷаҳон ҷиҳати мубориза алайҳи ин шакли ғуломдории муосир аст.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, он таҳлили муфассали ҳолатҳои хариду фурӯши одамон дар 177 кишвар, аз ҷумла дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро таъмин мекунад, ва барои таҳкими муборизаи умумии мо алайҳи ин падидаи номатлуби глобалӣ тавсияҳоро пешниҳод мекунад.
Сафорати Иёлоти Муттаҳида ба Ҳукумати Тоҷикистон барои садоқати он ба мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон, ки соҳаи асосии ҳамкории дуҷонибаи мо шудааст, таърифу таҳният изҳор менамояд. Ҳукумати Тоҷикистон таъқиби қонунии тиҷораткоронро афзоиш дод, маъракаҳои таблиғотиро барои огоҳонии аҳолӣ дар бораи хавфҳои ба хариду фурӯш гирифторшавӣ васеътар намуд ва бо созмонҳои ғайриҳукуматӣ муборизаро алайҳи истифодаи меҳнати иҷборӣ дар маъракаи пахтачинӣ ҳамоҳанг сохт. Он инчунин бо созмонҳои ғайриҳукуматие, ки ба ин кӯшишҳо саҳми муҳим гузоштанд, шарикиро густариш дод.
Барои эътирофи кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон оиди мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон дар давоми соли гузашта, Идораи Глобалии Департаменти давлатӣ оид ба мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон Тоҷикистонро аз "Рӯйхати назоратии Гузориш оид ба хариду фурӯши одамон" хориҷ намуд. Акнун Тоҷикистон дар "Сатҳи 2" ҷой гирифтааст, ки ин нисбат ба меъёрбандии соли гузашта пешравии назаррасе мебошад.
Мо ҳукумат ва шариконро аз ҷомеаи шаҳрвандӣ барои кӯшишҳояшон мавриди таҳсин қарор медиҳем ва интизори ҳамкории минбаъда ҳастем.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста