Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Нерӯҳои таъиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Иркутски Русия панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро аз асорати як зан озод карданд. Дар ин бора Взгляд.ру бо истинод ба сарчашма дар Раёсати корҳои дохилии вилоят хабар медиҳад.
«Чанде қабл ба кормандони шӯъбаи мубориза бо ҷинояткории муташаккил намояндаи ваколатдори сафири Тоҷикистон муроҷиат намуда, хабар додааст, ки як шаҳрванди тоҷик ба ӯ занг зада, изҳор доштааст, ки ӯ ва 4 нафари дигар шаҳрвандони Тоҷикистонро дар фермаи деҳаи Марково дар асорат нигоҳ медоранд», - гуфта мешавад дар иттилоъи сомонаи раёсати корхои дохилӣ.
Бо дақиқан муайян кардани макони ҷойгиршавии шахси зангзада кормандони шӯъба дар ҳамроҳӣ бо нерӯҳои таъиноти махсус ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, дар як оғили чорво панҷ нафар муҳоҷирони тоҷикро пайдо месозанд. Онҳо ба кормандони мақомот гуфтаанд, ки соҳибзани ферма шиносномаашонро гирифта, ҳангоми пардохти маош аз гум шудани панҷ сар чорвои калони шохдораш ҳарф задаст ва сипас талаб намудааст, ки барои пардохти арзиши он онҳо бидуни маош ба ӯ кор кунанд. Ба муҳоҷирон ӯ танҳо обу нон медодааст ва онҳо дар оғил паҳлӯи чорво хуфтухез доштаанд.
Айни замон муҳоҷирон аз асорат озод гардида, ҳуҷҷатҳояшон ба онҳо баргардонида шудааст. Кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷират ошкор кардаанд, ки онҳо дар қаламрави Русия ба таври қонунӣ қарор доранд. Аз рӯйи далели ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум намудан санҷиш гузаронида мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста