Конибодом. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон 750 нафар сокинони шаҳри Конибодом ҷиҳати дарёфти кор ба мақомоти дахлдор муроҷиат намуданд
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати шаҳрии Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират Анвар Маҳкамов хабар дод, аз ин микдор 598 нафар расман ба қайди бекорӣ гузошта шуда, 325 нафар минбаъд бо ҷойи кор таъмин карда шуданд. «Дар маҷмӯъ, айни замон шумори бекорони расман сабтшуда зиёда аз 1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад», - гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, аз шумори умумии бекорон 113 нафар дар бахши кишоварзӣ, 71 нафар дар соҳаи тандурустӣ, 36 нафар дар бахши саноат ва боқимонда дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқ бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд. «Соли равон дар минтақа ҳудуди 2 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шуд, ки 1 ҳазору 200-тои он кори муваққатӣ, 654 – кори доимӣ ва 135 кори мавсимӣ мебошад», - мегӯяд вай.
Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки ба курсҳои омӯзиши касб 126 нафар бекорон ҷалб гардида, феълан 51 нафари онҳо курсҳоро хатм кардаанд. «Ба корҳои ҷамъиятӣ 44 нафар бекорон ҷалб карда шуданд», - афзуд А.Маҳкамов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста