Душанбе. 14-уми июл. «Азия-Плюс» — | Тибқи тағйиротии воридкардаи мақомоти шаҳрдории Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» аз 15-уми июли соли 2011 танҳо ба фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, агросаноатӣ ва маводи ғизоӣ ихтисос дода мешавад. Дар ин бора ба TojNews сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, шаҳрдории Душанбе ҷиҳати аз рӯи таъинот ба роҳ мондани фаъолияти мӯътадили бозорҳои коммуналии шаҳр, ки ба фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ихтисос доранд, бо мақсади таъсир расонидан дар нигоҳдории нархи маҳсулоти ниёзи аввал, зиёд намудани нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишварзию агросаноатӣ ва маводи ғизоӣ ба «Қарори дахлдори амалкунандаи раиси шаҳри Душанбе нисбати ҷойгиршавӣ ва махсусгардонии бозорҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз 1-уми июли соли 2011 тағйирот ворид намуд», - гуфт вай.
- Ба қавли ӯ, вобаста ба татбиқи ин муқаррарот муовини соҳавии раиси шаҳри Душанбе С. Сафаров бо Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута вазифадор шудаанд, ки барои фавран аз байн бурдани фурӯши маҳсулоти саноатӣ дар ҳудуди Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур» дар ҳамкорӣ бо маъмурияти бозори мазкур чораҳои дахлдор андешанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста