Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи сайёри Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба пешгирии нашъамандӣ ва суистеъмоли маводи мухаддир доир гардид, ки дар кори он раиси Шӯрои ҳамоҳангсоз, муовини нахуствазири кишвар Руқия Қурбонова иштирок кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар кори ҷаласа инчунин намояндагони вазоратҳои тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, фарҳанг, молия ва Кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизиону радио ва кор бо занону оила низ ширкат варзиданд.
«Дар қатори мушкилоти мавҷудаи пешгирии нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ дар ҷаласа инчунин масъалаи ҷараёни иҷрои Барномаи ягонаи давлатии ҳадафнок оид ба пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» низ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт», - гуфтанд дар агентӣ.
Ёдрас мекунем, ки Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба пешгирии нашъамандӣ бо фармони президенти ҶТ аз 3-юми апрели соли 2004 таъсис дода шуд.




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста