Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Аз санаи оғози моҳи Рамазон 1-уми август интизорӣ меравад, вале санаи дакиқ метавонад ҳар лаҳза тағйир ёбад. Тибқи қонунҳои шариат, ҳангоми баромадани моҳи нав оғози моҳи Рамазон эълон мегардад. Донишмандони исломӣ бар чунин назаранд, ки тамоми мусулмонони сайёра бояд дар як вақт рӯза бигиранд.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали Шӯрои уламои Тоҷикистон Эшони Абдулбасир Саидов дар робита ба ин масъала гуфт, олимони исломшиноси кишвар муддати ду моҳ аст, ки замони пайдоши моҳи навро интизорӣ доранд ва аз Донишкадаи астрофизикаи Академияи улуми ҷумҳурӣ дархост кардаанд, ки санаи дақиқи пайдоиши моҳи навро муайян кунанд. «Оғози моҳи шарифи Рамазон 1-уми август пешбинӣ мешавад, вале метавонад як рӯз пештар ё баъдтар бошад ва мо ба мардум оғози моҳи Рамазонро панҷ-шаш рӯз пештар эълон хоҳем кард», - гуфт вай.
Ба қавли ӯ, муфтиёни Тоҷикистон набояд интизор шаванд, ки санаи оғози моҳи Рамазонро дар кишварҳои арабӣ ба кадом рӯз муқаррар мекунанд, балки онро бояд мустақилона муайян созанд. «Дар кишварҳои ҷаҳони араб чун моҳро диданд, шоми ҳамон рӯз дар бораи оғози моҳи Рамазон эълон мекунанд, вале Маркази исломии мо мисли онҳо амал карда наметавонад, зеро бинобар тафовути вақт мо моҳи навро аз кишварҳои дигар пештар ё баъдтар мебинем», - афзуд номбурда.
Таҳлилгар Ҳикматулло Сайфуллозода ҷонибдори он аст, ки тамоми мусулмонони ҷаҳон бояд дар як вақт рӯза бигиранд. «Пайғамбар гуфтааст: агар як мусулмон мушоҳида кард, ки моҳи нав пайдо шудааст, бояд инро ба дигарон бигӯяд, то ки моҳи Рамазон эълон гардад. Ин муқаррарот дар замоне, ки ислом дар ҳудуди чанде аз кишварҳои арабӣ то Эрон паҳн гардида буд, риоя мешуд. Аммо агар ҷаҳони ислом як доира шуморида шавад, пас имрӯз ҳам мебояд ин муқарраротро риоя кард», - изҳор дошт ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста