Душанбе 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ба корхонаву ташкилотҳои Вазорати хоҷагии оби вилояти Хатлон ба сурати умум ба маблағи 1 млн. 127 ҳазор сомонӣ нерӯи барқ интиқол дода шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори корхонаи минтақавии шабакаҳои барқи минтақаи Куоби вилоят Мирзо Исмоилов хабар дод, дар ин давра маблағи пардохти истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби ин корхонаҳо бошад, ҳамагӣ 6,6% ё худ 74,5 ҳазор сомниро ташкил додааст.
Ба қавли ӯ, воҳидҳои Вазорати хоҷагии оби вилояти Хатлон ҳатто маблағҳои тавассути ҳалномаи додгоҳи иқтисодӣ муқарраршударо пардохт намекунанд ва муддати се сол аст, ки 3 млн. сомонии бо қарори додгоҳ ба фоидаи ташкилот рӯёнида шуданаш муайяншуда пардохт намегардад. «Дар мавсими обёрӣ ба энергетикҳо аз идораҳои ҳукуматӣ ба таври ихтиёриву маҷбурӣ супориш дода мешавад, ки ба пойгоҳҳои обкашӣ нерӯи барқ интиқол дода шавад ва воҳидҳои Вазорати хоҷагии оби вилоят аз ин ба хубӣ истифода мебаранд», - мегӯяд вай.
Ба гуфтаи манбаъ, ҳаҷми қарзи умумии корхонаву ташкилотҳои Вазорати хоҷагии оби вилоят дар назди энергетикҳо ба 12 млн. сомонӣ баробар аст. «Маблағи боқимондаи қарз аз солҳои пешин ва қарзи аҳолӣ низ ҳамин миқдорро ташкил медиҳад», - афзуд номбурда.




Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста