Хуҷанд. 20-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Тоҷикистон бори нахуст дар заминаи Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд пулиси об таъсис меёбад. Хадамоти нав ба иловаи вазифаи наҷоти одамон дар об, ҳамчунин ба мубориза алайҳи қорчоқчиён низ ваколатдор мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд хабар доданд, хадамоти нав мутобиқи қарори ҳукумати вилояти Суғд «Дар бораи таъмини бехатарӣ дар дарё ва обанборҳо» таъсис ёфта, бо дастгирии ҳукумати вилоят ситод бо ду адад дучархаи обии «Ямаха»-и истеҳсоли Ҷопон таъмин карда шуд. «Арзиши ҳар кадоме аз ин дучархаҳо 90 ҳазор сомонӣ буда, он барои наҷоти одамони ғарқшаванда ва мубориза алайҳи қочоқчиён ҳангоми тухмигузории моҳӣ ва манъи шикори он истифода хоҳад шуд», - гуфтанд дар ситод.
Ба иттилои манбаъ, барои кор бо дучархаҳои обӣ ду гурӯҳи махсуси афсарон омӯзонида шудаанд. «Шояд ояндаи наздик пас аз омодагии дахлдор пулиси об ба масоили баҳисобгирии воситаҳои шинокунанда ва додани ҳуҷҷат барои идораи қаиқу катерҳо низ машғул шавад», - афзуд сарчашма.
Бино ба маълумоти Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд, соли равон дар дарёву обанборҳои вилоят 28 нафар ғарқ шуданд. Дар натиҷаи саривақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудани кормандони ситод 5 нафар наҷот дода шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста