Хуҷанд. 28-уми июл. «Азия-Плюс» — | Воҳиди сохтории ширкати «Барқи тоҷик» дар вилояти Суғд барои харидани манзили зист ба оилаи духтаре, ки аз зарбаи барқ маъюб гардида буд, маблағи пулӣ ҷудо кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» модари ин духтар Фароғат Масобирова хабар дод, намояндагони ширкат дар ҳузури нотариус ба ӯ ҷиҳати харидани манзили зист дар шаҳри Хуҷанд 60 ҳазор сомонӣ маблағ супурдаанд. «Минбаъд манзили зист ба номи духтари маъюб ҳуҷҷатгузорӣ мешавад», - гуфт вай.
Ба қавли ӯ, ширкат то имрӯз маблағи табобати духтарро дар ҳаҷми 11 ҳазор сомонӣ низ пардохт кардааст.
Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли равон дар шаҳри Хуҷанд толибаи синфи якум Сарвиноз ҳангоми бозӣ дар қаламрави мактаб, ба бинои зеристгоҳи трансформатор ворид шуда, таҳти зарбаи барқ қарор гирифт. Ба қавли мутахассисон, кӯдак таҳти зарбаи барқи ҷараёни 10 ҳазор волт мондааст. Сипас духтар дарҳол ба беморхона бурда шуда, дар он ҷо аз 15-уми апрел то 11-уми май табобат гирифт, ки дар чор рӯзи аввал ҳолаташ вазнин буд. Ба табибон лозим омад, ки дастони ӯро буранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста