Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Мутобиқ ба анъанаи ҷойдошта ва татбиқи амалии сиёсати Сарвари давлат оид ба дастгирии иҷтимоии табақаҳои алоҳидаи эҳтиёҷманд ба ифтихори фарорасии 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва инчунин моҳи шарифи Рамазон Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар асоси қарорҳои дахлдори худ 5057 нафарро бо мададпулиҳои якдафъина сарфароз гардонид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, бо ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳр ва фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе 2172200 (ду миллиону яксаду ҳафтоду ду ҳазору дусад) сомонӣ ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо карда шуд.
Тибқи ин иқдоми шаҳрдорӣ ба 202 нафар иштирокчиён Ҷанги Бузурги Ватании солхои 1941-1945 ба андозаи 600 сомонӣ, ба 123 нафар шахсони бо ордену медалҳои ИҶШС барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида ба ҳар кадоме 500 сомонӣ, ба 414 нафар шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, ба 3 нафар муҳосирабудагони шаҳри Ленинград, ба 118 нафар маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), ба 169 нафар маъюбони рафъи садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил, ба 296 нафар оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд, ба 6 нафар ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида ва ба 928 нафар оилаҳои шаҳри Душанбе, ки дар онҳо аз ду нафар зиёд маъюб зиндагӣ мекунад ба ҳар кадом ба андозаи 450 сомонӣ ва ба 2798 нафар кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои пойтахт ба ҳар кадоме 400 сомонӣ мададпулии яквақта дода мешавад.
Дар ин росто муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо раисони ноҳияҳои шаҳр вазифадор гардидаанд, ки маблағҳои мазкурро ба категорияҳои зикргардида, пеш аз ҳама бо аёдати шахсӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солхои 1941-1945 на дертар аз 18-уми августи соли 2011 дастрас намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста