Душанбе. 15-уми август. «Азия-Плюс» — | Ҳар як муҳоҷири меҳнатие, ки дар вақти корӣ дар сохтмони иншооти шаҳри Сочии Русия бо забони модарӣ ҳарф мезанад, 100 рубли русӣ ҷаримабандӣ мегардад, - хабар медиҳад нашриёти русии «Аргументы и факты».
Маъмурияти шаҳри Сочи ин амалро поймолкунии ҳуқуқ нашуморида, ба хотири таъмини амнияти коргарон унвон мекунад, зеро дар иншооти олимпии шаҳри Сочи намояндагони беш аз 20 миллат машғули коранд ва агар ҳар миллате бо забони худ ҳарф занад, рух додани ҳодисаҳои нохуш зимни иҷрои корҳои сохтмону насб аз эҳтимол дур нест.
Ба бинокороне, ки омӯзиши забони русӣ барояшон душвор аст, гузаштан ба гуфтугӯи маъмулии сохтмонии қабулшуда пешниҳод мегардад. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, феълан 735 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, вале коршиносон бар ин назаранд, ки ин шумор хеле бештар аст.
Ёдрас мекунем, ки чанде қабл роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский изҳор дошта буд, ки сатҳи дониши забони русии муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Русия фаъолият доранд, бояд санҷида шавад. «Агар шаҳрванди хориҷӣ дар Русия машғули кор бошаду ба мардум хизматгузорӣ намояд, бояд забони русиро балад бошад», - гуфта буд ӯ.
Ҳамчунин Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон дар Русия низ бар ин назар аст, ки дар сатҳи зарурӣ надонистани забони русӣ ва истифода аз ҳуқуқҳои худ мушкилоти аслии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мебошад, ки аз он корфармоҳои беинсофи Русия истифода мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста