Аз шаҳрвандони тоҷик, ки соли равон зиёрати Хонаи Худоро ихтиёр кардаанд, пардохти маблағи роҳкиро танҳо бо доллари ИМА талаб карда мешавад.
Дар посух ба суоли хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» бобати ба қонунгузории кишвар мутобиқат кардани ин тасмим, ки тамоми амалиёти молиявӣ дар қаламрави Тоҷикистон бояд бо асъори миллӣ сурат бигиранд, муовини раиси Кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ Мавлон Мухторов гуфт, чораи мазкур бинобар тағйирёбии назарраси қурби доллари ИМА нисбат ба сомонӣ тайи чанд муддати ахир пеш гирифта шудааст. «Дар вазъи мавҷуда ба норасоии маблағ дучор омадани мо аз эҳтимол дур нест ва аз ин рӯ, ҳукумати кишвар ба таври истисноӣ ба мо иҷозат дод, ки ба чунин иқдом даст занем», - гуфт ӯ.
Бино ба маълумоти мақомоти расмӣ, соли равон 5,5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба адои маросими ҳаҷҷ сафарбар карда шуда, маблағи роҳкирои он барои як нафар 3,5 ҳазор ва дар маҷмӯъ ҳудуди 19 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Дар шарҳи масъалаи мазкур иқтсисодчии маъруф Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба хабаргузории REGNUM изҳор кардааст, ки чунин амал ба қонунгузории ҷумҳурӣ мухолифат дошта, ин масъала бояд мавриди омӯзиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирад. «Ғайр аз ин, аз гардиш берун овардани ин миқдор маблағи асъори хориҷӣ метавонад ба қурби доллари ИМА дар Тоҷикистон таъсир манфӣ расонад», - мегӯяд ӯ.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ҳамасола ин механизм бо бо БМТ мувофиқа мешавад, зеро пардохти маблағи транзити ҳавопаймоҳо ва хизматгузории ҷониби қабулкунанда бо доллари ИМА пардохт мегардад.
Ба гуфтаи ӯ, солҳои пешин пардохти маблағ бо асъори барои зоирин қулайу мусоид сурат мегирифт, вале соли равон ин масъала то охир омӯхта нашудааст. «Барои муайян кардани бо кадом асъор пардохтани роҳкирои ҳаҷҷ мебояд бо қарордодҳои Кумитаи дин ошно гардид, - изҳор дошт манбаъ. – Дар муддати ду-се рӯз тамоми асноди молиявиву ҳуқуқӣ омӯхта шуда, ин масъала пурра ҳал хоҳад шуд».
Намояндаи Бонки миллӣ ҳамчунин афзуд, кӯшиш ба харҷ дода хоҳад шуд, то ки ин масъала ҳам барои зойирин мусбат ҳал гардида, ҳам ба бозори дохилӣ таъсири манфӣ нагузорад.




Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумот зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста