Миёнаҳои моҳи октябри соли равон президенти Белорус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар доираи сафар имзои 12 санади ҳамкорӣ дар бахши иқтисоду тиҷорат дар назар аст.
«Ҷонибҳо сари лоиҳаи созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ифтитоҳи филиали Донишгоҳи миллии техникии Белорус дар шаҳри Душанбе аллакай ба мувофиқа расиданд. Дар филиали мазкур омодасозии мутахассисон барои соҳаҳои сохтмону энергетика ва дигар касбҳои зурурӣ барои иқтисоди Тоҷикистон пешбинӣ мешавад», - зикр кард манбаъ.
Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Белорус, айни замон дар макотиби олии Белорус зиёда аз 50 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсил доранд. Аз ҷумла, ҳудуди 25 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Коллеҷи ҳавонавардии Минск ва дигар ҷавонони тоҷик дар риштаҳои техникиву гуманитарӣ ва тиббии мактабҳои олии ин кишвар таҳсили илм мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста