Ба мусофирони хатсайри ҳавоии «Хуҷанд-Душанбе», ки рӯзи 23-юми август аз парвоз даст кашиданд, маблағи пурраи хариди билет бозпас баргардонида мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии ҶДММ «Чартер хабар доданд, ҳавопаймои Ан-24-и ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо 33 нафар мусофирон бояд соати 8:00-и субҳ аз шаҳри Хуҷанд ба Душанбе раҳсипор мешуд, аммо бинобар сабабҳои техникӣ парвози ҳавопаймо ба муддати 2 соати 20 дақиқа мавқуф гузошта шуд.
«Ҳангоми ба кор даровардани муҳаррик (двигатель) мушкилот пеш омад. Ҳашт нафар мусофирон аз парвоз даст кашиданд. Бо талаби аввали мусофирони аз парвоз дасткашида маблағи пулии хариди билети онҳо дар кассаҳои билетро дастраснамуда бидуни боздошти ҷарима бозпас баргардонида мешавад», - гуфтанд дар намояндагӣ.
Яке аз мусофирони аз парвоз дасткашида дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки мушкилоти ҷойдоштаи ҳавопаймо пеш аз парвоз баръало аён буд, зеро муҳаррикро наметавонистанд ба ҳолати корӣ оранд. «Ба ман як корманди ҳайати ҳавопаймо маслиҳат дод, ки беҳтараш аз парвоз бо ин ҳавопаймо даст кашам. Шаш нафар мусофирон аз парвоз даст кашиданд ва мусофирони боқимонда чун илоҷи дигар надоштанд, ба парвоз розӣ шуданд», - гуфт зан.
Дар ҳамин ҳол, дар ширкати ҳавопайамоӣ мутаваққиф гузоштани парвози ҳавопайморо тасдиқ намуда, сабаби онро мушкилоти техникӣ унвон карданд. «Аммо муҳаррикҳои ҳавопаймо ҳатто ба кор дароварда шуда набуданд. Агар ҳатто заррае мушкилот бо муҳаррик мавҷуд мебуд, мо ҳавопайморо ҳеҷ ба парвоз иҷозат намедодем. Чун мушкилоти техникӣ бартараф шуд, ҳавопаймо ба Душанбе раҳсипор гардида, то нуқтаи таъин бидуни ҳеҷ мушкилоте фуруд омад», - гуфтанд дар ширкат.
Қобили зикр аст, ки ҶДММ «Чартер» дар фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд ба хизматгузории техникии ҳавопаймоҳои ширкати «Тоҷик Эйр» машғул аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста