Имрӯз аз муассисаҳои ислоҳии вилояти Суғд беш аз 600 нафар маҳбусон озод карда мешаванд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ҷазои ислоҳии вилояти Суғд хабар доданд, субҳи имрӯз аз боздоштгоҳи сукунат 370 нафар, зиндони низомаш қатъӣ ва шадид 123 нафар, аз тавқифгоҳи № 2-и шаҳри Хуҷанд 57 нафар маҳбусон озод гардиданд. Ҳамчунин имрӯз аз тавқифгоҳи № 5-и шаҳри Истаравшан боз зиёда аз 90 нафар маҳбусон ба озодӣ мебароянд. Инҳо нахустин маҳбусони афвшуда мебошанд, ки миёни онҳо шахсони синнусоли аз 50-сола боло, маъюбон, ноболиғон, занон ва афроди аз чаҳоряк се ҳиссаи мӯҳлати ҷазоро адокарда ҳузур доранд.
Миёни афвшудагон маҳбусони ҷинояти махсусан вазнин содирнамуда, аз ҷумла маҳбусони ба истилоҳ «сиёсӣ» низ ҳузур доранд. Онҳо маҳбусоне мебошанд, ки барои узвият дар созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» маҳкум шудаанд ё ҳамчунин ҳаммаслакони Маҳмуд Худойбердиев ба ҷуз созмондиҳандагону роҳбаронаш мебошанд.
Пас аз озод шудан барои то манзили зист расонидани маҳбусон аз ҳисоби ҳукумати вилоят ва маъмурияти раёсати мазкур нақлиёт ҷудо карда мешавад.
«Дар афви мазкур ҳудуди 70 дарсади маҳбусон озод карда мешаванд. Ғайр аз ин, аз корҳои ислоҳӣ боз 800 нафари дигар озод мегарданд. Мутассифона, ҳудуди 15-20 дарсади мавриди афв қароргирифтагон дубора ҷиноят содир намуда, ба зиндон дубора бармегарданд. Онҳо асосан дуздон, қаллобон ва авбошон мебошанд», - афзуданд дар Раёсати мазкур.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста