Ворид шудан ба боғи нави фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе, ки дар он ҳамарӯза шомгоҳон ба ифтихори таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ чорабиниҳои идона ва шоу-барномаҳо баргузор мешаванд, ройгон аст. Чорабиниҳои мазкур дар боғ рӯзҳои 7, 8, 9, 10 ва 11-уми сентябр доир хоҳанд гашт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, рӯзҳои минбаъда низ ворид шудан ба боғ бидуни пардохти маблағ хоҳад буд.
Ӯ зикр намуд, ки меҳмонон ва тамошогарони боғ танҳо барои истифода аз аттраксионҳо як маблағи муайяне пардохт хоҳанд кард, ки тарофаҳои он аз ҷониби сохторҳои дахлдори давлатӣ муайян карда мешаванд.
Мақомоти шаҳрдории Душанбе аз ҳамаи тамошобинони шоу-барномаҳо даъват мекунад, ки ба қоидаҳои одобу рафтори муносиб дар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр риоя намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста