Шурӯъ аз моҳи сентябри соли равон бори нахуст дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон донишҷӯён ба магистратура дохил шуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мутахассиси раёсати таълимӣ-методии донишгоҳи мазкур Ношботи Гуломадшоев хабар дод, дараҷаи магистрант дар шаш самт – таърих, фарҳангшиносӣ, минтақашиносӣ, факултаи «Таърих ва муносибатҳои байнулмилалӣ», филология, лингвистика ва журналистика ҷорӣ гардидааст.
«Айни замон фармони ректор дар бораи қабули магистрантҳо ба факултаи «Таърих ва мунсибатҳои байнулмилалӣ» ба имзо расид, - гуфт Н. Гуломадшоев. – Ба шӯъбаи минтақашиносӣ 7, фарҳангшиносӣ – 5 ва таърих 3 нафар магистрантҳо қабул шуданд».
То кунун дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон пас аз таҳсили панҷсола дипломи мутахассис дода мешуд. Феълан дар шаш шӯъбаи зикршуда баъди 4 соли таҳсил маълумоти олии дараҷаи бакалавр дода мешавад. Пас аз он метавон ба магистратура дохил шуд. Муддати таҳсил дар магистратура 2 сол аст.
Дар ҳамин ҳол, пагоҳ, 16-уми сентябр, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ҷашни 15-умин солгарди таъсисёбиашро таҷлил менамояд. Дар чорабиниҳои идона бахшида ба ин ҷашн президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳад кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста