Шаҳрвандони тоҷики муқими шаҳри Санкт-Петербурги Русия ва вилояти Ленинград на он қадр ба ҷиноёт даст мезананд, - гуфт дар шаҳри Душанбе сардори Раёсати Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Елена Дунаева.
Дар мулоқот бо мақомоти раҳбарии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ ва намояндагони ВАО дар шаҳри Душанбе Е. Дунаева изҳор кард, ки дар зарфи 8 моҳи соли равон шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави шаҳри Санкт-петербург ва вилояти Ленинград ҳамагӣ 177 ҷиноят содир намудаанд, ки аслан аз ҷанҷолу занозанӣ, дуздӣ ва ҷиноёти иқтисодӣ иборатанд.
Дунаева мегӯяд, феълан нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави номбурда амалҳои зиёди моҷароҷӯёна аз ҷониби шаҳрвандони Русия ба мушоҳида намерасад.
«Дар зарфи 8 моҳи соли ҷорӣ нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград 45 ҷиноят содир шудааст, ки миқдори зиёди он ба фиребгариву қаллобӣ, тамаъҷӯйӣ ва авбошӣ марбут аст», - гуфт ӯ.
Намояндаи Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия зикр намуд, ки мутобиқи маълумоти расмӣ, айни замон дар ин қаламрав ҳудуди 80 ҳазор нафар шаҳрвандони тоҷик кору зиндагӣ доранд. «Вале ин рақам низ бозгӯйи ҳақиқат нест ва тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, шумори онҳо то ба 150 ҳазор нафар мерасад», - мутмаин аст вай.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки аз шумори умумии муҳоҷирони кори тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленингрда 21% дар соҳаи савдо, 20% - дар бахши сохтмон, 18,5% - дар саноати коркард, 13% - дар соҳаи нақлиёту алоқа ва 27%-и боқимонда – дар бахшҳои дигар машғули коранд.
Қобили зикр аст, ки мақомоти раҳбарииХадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар шаҳри Санкт-петрбург ва вилояти Ленинград ҷиҳати баррасии масоили танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу имтиёзҳои иҷтимоӣ ва ба таври қонунӣ бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба Душанбе ташриф овард.
Ҳушдор ва дархости ду ниҳод. Дар Тоҷикистон то 14-уми апрел хатари фаромадани тарма ва омадани сел боқӣ мемонад
Огоҳ бошед! Чӣ гуна метавон корманди ҳақиқии милитсияро аз фиребгару қаллоб фарқ кард?
Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбал ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2025
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста