Дар вилояти Хатлон тақсимоти қитъаҳои замине, ки аз ҷониби ҳукумат барои фонди манзил ҷудо шуда буданд, қариб ба андозаи 70% ба анҷом расиданд.
Бино ба маълумоти шӯъбаи иқтисод ва банақшагирии молиявии дастгоҳи раиси вилоят, аз 7 ҳазору 476,6 гектар замин 4 ҳазору 280,7 гектар аллакай ҷудо карда шудааст. Қитъаҳои замин барои сохтмони манзили зистро 33 ҳазору 498 оила соҳиб шуданд. Аз 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон дар 9-тоаш ҷараёни тақсимоти қитъаҳои замин аз фонди манзил пурра ба итмом расидааст. Дар шаҳру навоҳии боқимонда ин нишондиҳанда ба андозаи аз 16 то 85% баробар аст.
Дар ҳамин ҳол, маълумоти мазкур ба маълумоти Кумитаи заминсозии вилоят мухолифанд. Мутобиқи маълумоти ин кумита, ба санаи 10-уми сентябр ба 163 нафар сокинони се ноҳияи вилоят – Бохтар, Ҷомӣ ва Мӯъминобод 15,56 гектар қитъаи замин ҷудо карда шудааст.
Як манбаъ аз Кумитаи заминсозии вилоят мегӯяд, маълумоте, ки комиссияҳои ҷамъиятии шаҳру навоҳӣ ба дастгоҳи раиси вилоят пешниҳод менамоянд, ба воқеъият рост намеояд.
«Сарфи назар аз 30-юми декабри соли 2010 шурӯъ гардидани тақсимоти қитъаҳои замин, ба ҷуз маълумоти дар боло зикршуда, ба Кумитаи заминсозӣ дигар ҳеҷ асноде барои гирифтани сертификати истифодаи замин ворид нашудааст», - афзуд ҳамсӯҳбати хабарнигори ОИ «Азия-Плюс».



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста