Донишҷӯёне, ки соли равон таълимгоҳҳои омӯзгории ҷумҳуриро дар бахшҳои бюҷетӣ хатм мекунанд, бояд ба давлат маблағи хароҷоти таҳсилро ҷуброн намоянд ё ба ҷойи кории пешниҳодшуда ҳозир шаванд.
Соли равон 4 ҳазору 225 нафар донишҷӯён соҳиби касби омӯзгорӣ гардида, ҳамагӣ 2 ҳазору 574 (60,9%) нафарашон тибқи тақсимот ба ҷойи кор ҳозир шудаанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Зиёратшо Нарзуллоев иттилоъ дод, мӯҳлати ниҳоии мутобиқи тақсимот ба ҷойи кор ҳозир шудани хатмкардагон 10-уми октябри соли равон муқаррар шудааст. «Пас аз гузашти ин мӯҳлат аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ нисбат ба донишҷӯёни бахши бюҷетӣ, ки муқаррароти тақсимотро сарфи назар мекунанду ба ҷойи кор ҳозир намешаванд, ба додгоҳҳо ҷиҳати ҷуброни маблағи хароҷоти таҳсил аризаҳои даъвогӣ пешниҳод мегарданд», - қайд кард ӯ.
Ба қавли мутахассис, маъмулан ҳаҷми маблағи хароҷот барои таҳсили як нафар донишҷӯ дар муддати 5 сол 5-6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. «Хатмкардагони бахшҳои бюҷетии таълимгоҳҳои омӯзгорӣ бояд мутобиқи тақсимот ба ҷойи кории пешниҳодшуда дар мӯҳлати муқарраргардида ҳозир шаванд ё маблағи хаоҷоти таҳсилро ба давлат ҷуброн созанд», - гуфт номбурда.
Бино ба маълумоти Нарзуллоев, соли гузашта 253 нафар донишҷӯён ба ҷойҳои кории мутобиқи тақсимот пешниҳодшуда ҳозир нашуда, нисбат ба 247 нафари бо сабабҳои беузр ба ин амал дастзада ба додгоҳҳо аризаи даъвогӣ пешниҳод шудааст. «Пас аз ин танҳо 4 нафари онҳо ба ҷойи корӣ ҳозир шуда, 33 нафар маблағи хароҷоти таҳсилро пардохт намуданд ва баррасии даъво нисбат ба 210 нафар хатмкардаи дигар идома дорад», - афзуд корманди Вазорати маорифи кишвар.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста