Ба сокинони шаҳри Хуҷанд, ки мутобиқи қонуни афв аз маҳбасхонаҳо озод шуданд, аз ҷониби давлат кӯмак расонида мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муҳоҷирати вилояти Суғд хабар додан, то имрӯз ба ин муассиса аз 64 нафар шаҳрвандони афвшудаи шаҳри Хуҷанд оид ба расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ва мусоидат ба таъмини ҷойи корӣ аризаҳо ворид шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, миёни афвшудагон аслан ҷавононе ҳузур доранд, ки мутобиқи моддаҳои гуногуни Кодекси ҷиноии ҶТ ба мӯҳлатҳои аз 1 то 17 сол маҳкум шуда буданд. Мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ, то пайдо намудани ҷойи корӣ дар муддати се моҳ ба онҳо 80 сомонӣ маблағ пардохт карда мешавад.
Бино ба маълумоти манбаъ, айни замон аз 64 нафари афвшудаа чор нафар ба агентии давлатӣ муроҷиат кардаанд.
«Ба муроҷиаткардагон кӯмакпулии иҷтимоӣ расонида шуда, ҷойҳои холии корӣ пешниҳод гардиданд. Айни замон дар шаҳри Хуҷанд 264 ҷойи корӣ мавҷуд аст. Корфармоҳо пардохти музди меҳнат дар ҳаҷми аз 120 то 700 сомониро ваъда мекунанд. Шахсоне, ки аз маҳбас ба озодӣ мебароянд, аксаран касби муайян надоранд ва аз ин рӯ, ҳангоми ҷустуҷӯйи кор ба мушкилот дучор мешаванд, зеро ба корфармоён кадрҳои соҳибтахасссус аз қабили челонгару ҳаррот ва дуредгарон лозиманд», - гуфт манбаъ.
Бино ба маълумоти мақомоти мазкур, айни замон дар шаҳри Хуҷанд 1166 нафар бекорон ба қайд гирифта шудаанд, ки ин нишондиҳанда тақрибан ба ҳамин давраи соли гузашта баробар аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста