Дар Тоҷикистон беш аз 100 нафар маҳбусони гирифтор ба бемории сил ва афроди табобати ин бемориро анҷомдодаву ниёзманд ба таҳти назорат қарор доштан дар дармонгоҳ афв шуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар ҳамин ҳол, дар варақаи иттилоияи навбатии Барномаи рушди СММ оид ба назорати бемориҳои ВИЧ/СПИД, сил ва вараҷа гуфта мешавад, дар робита ба ин масъала хадамоти идораи зиндонҳо ва шаҳрвандӣ дар ҳамдастӣ бо Вазорати тандурустӣ ва созмонҳои дахлдори байнулмилалӣ нақшаи зина ба зинаи интиқоли ҳуҷҷатҳои тиббӣ ва дастгоҳҳои зидди бемории сил аз низоми ҷазои ҷиноӣ ба бахши шаҳрвандиро таҳия кардаанд.
Дар вохӯриҳои муштараки мутахассисон ва кишварҳову созмонҳои мададрасон масоили мушкилоти менеҷменти табобати маҳбусони озодшудаи гирифтори бемории сил баррасӣ шуданд. Ба масоили ҷойи иқомати доимӣ надоштани аксари маҳбусони озодшуда ва ҷой доштани хавфи аз ҷониби оилаву ҷомеа қабул нагардидани онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир гардидааст.
«Чорабиниҳои мазкур ба пешгирӣ ва то сатҳи ниҳоӣ кам кардани ҳодисаҳои шумори аз табобт дур мондан ва риоя накардани қоидаҳои муолиҷа аз ҷониби маҳбусони гирифтори бемории сил нигаронида шудаанд, ки метавонад ба вазъи умумии эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ таъсир расонад», - зикр мегардад дар варақаи иттилоия.
Бино ба маълумоти Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия, ҳамчунин боз 50 нафар маҳбусони гирифтори бемориҳои қалбу рагҳои хунгард ва саратон низ афв шудаанд. Дар маҷмӯъ, то имрӯз дар кишвар зиёда аз 4 ҳазор нафар маҳбусон афв шудаанд, ки 181 нафарашонро занон ва 155 нафарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста