Обуҳавои ғуборолуд ба қатъи парвозу қабули ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи пойтахт боис гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» хабар доданд, имрӯз фурудгоҳ ҳавопаймоҳое, ки аз шаҳрҳои Маскав, Шарҷа ва Алмаато омада буданд, қабул карда натавониста, онҳо дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд фуруд омадаанд.
«Бо беҳтар шудани вазъи обуҳаво дар Душанбе ҳамаи мусофирон ба Душанбе расонида мешаванд», - гуфтанд дар хадамоти матбуоти фурудгоҳ.
Бино ба иттилои манбаъ, айни замон парвози ҳавопаймоҳо тавассути хатсайрҳои Екатеринбург, Алмаато ва фурудгоҳи «Внуково»--и Маскав мавқуф гузошта шудааст. «Шояд ҳавои ғуборолуд пагоҳ соф гардида, парвози ҳавопаймоҳо тавсссути хатсайрҳо барқарор карда шавад», - гуфт манбаъ.
Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳавопаймои хатсайри Маскав-Кӯлоб низ бинобар ғуборолудагии обуҳаво дар Кӯлоб дар шаҳри Хуҷанд фуруд омадааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста