Намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо оид ба масоили ВАО Дуня Миятович талаби айбдоркунандаи давлатӣ дар хусуси ба муддати 16 сол аз озодӣ маҳрум кардани журналисти тоҷик Маҳмадюсуф Исмоиловро маҳкум менамояд. Дар изҳороти имрӯз интишоркардаи худ Миятович аз ҳукуматдорон даъват ба амал овардааст, ки фавран журналисти ҳафтавори Нури зиндаӣ»-ро озод созанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дафтари САҲА дар Душанбе хабар доданд.
«Аз ҳукуматдорон даъват мекунам, ки тамоми айбҳои Исмоилов бекор карда шаванд, зеро он ба фаъолияти рӯзноманигориаш марбут аст», - изҳор кардааст Миятович.
Маҳмадюсуф Исмоилов шурӯъ аз 23-юми ноябри соли 2010 дар боздоштгоҳ қарор дошта, тибқи чаҳор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ дар тӯҳмат, таҳқир, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ, ҳамчунин тамаъҷӯйӣ айбдор карда мешавад. Ба таъкиди ҷониби айбдоркунанда, содир гардидани аксари аломатҳои ин ҷиноёт дар мақолаи моҳи августи соли 2010 нашршудаи ӯ ба мушоҳида мерасанд.
«Агар нисбати журналистоне, ки хизматчиёни давлатиро танқид мекунанд, минбаъд ҳам таъқиботи ҷиноӣ, боздошти дарозмӯҳлати пешакӣ истифода шаваду ҳукми вазнин содир гардад, Тоҷикистон имконоти муколамаи ҷамъиятӣ оид ба масоили доғи рӯзро ба таври назаррас маҳдуд месозад. Ҳукми айбдорӣ нисбат ба Исмоилов журналистонро аз фаъолияти пурсамар боздошта, муддати якчанд моҳ дар ҳабс нигоҳ доштани ӯ аллакай барои журналистони тоҷик таҳдиди ҷиддӣ аст», - мӯътақид аст Миятович.
Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки қазияи Исмоиловро ҷиддан пайгирӣ дорад ва дар ин хусус се маротиба ба ҳукуматдорони Тоҷикистон муроҷиат намудааст. «Мутаассифона, то ҳанӯз ман аз ҳукумат посухи расмӣ нагирифтаам», - афзудааст Миятович.
«Ман беқаророна сафари худ ба Тоҷикистонро интизорӣ дорам, то ки бо намояндагони ҳукумат қазияи Исмоилов ва дигар масоили боиси нигаронии Дафтари САҲА, аз ҷумла мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба хабарнигори Би-Би-Сиро низ баррасӣ кунам», - омадааст дар изҳороти Миятович.
Протокол аз маҷлиси ҳукумат: “Агар дурнамои кишти пахта иҷро нашавад, аз вазифа озод мешавед”
Баъди пурзӯр шудани ҷазо барои “дуздии барқ” дар Тоҷикистон ниҳоди нав ташкил мешавад
Муовини аввали ноиби Пизишкиён ба Тоҷикистон омад. Ӯ бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ гардид?
Сурати кӯдаки фаластинӣ, ки ду дасташро аз даст дод, акси соли 2024 эълон шуд
Рустами Эмомалӣ ба Санкт-Петербург рафт
Эътироз, ишқ, издивоҷи иҷборӣ...ё одамрабоӣ? Чаро духтарҳои ноболиғ зиёд гум мешаванд?
Дар рӯзи сеюми “Парасту-2025” кадом намоишномаҳо манзури ҳаводорони театр гардид?
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста