Ҳукумати Ҷопон барои таъмири мактаби таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Балҷувон 112 ҳазор доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад.
Дар ин бора қарордоди бурсӣ оид ба татбиқи лоиҳаи таъмиру таҷдиди мактаби таҳсилоти умумии № 10 дар деҳаи Сари Мазор ба имзо расид, ки мутобиқи он дар чаҳорчӯби кӯмаки ройгони лоиҳаҳои таъмини амнияти гуманитарӣ барои қишри васеи аҳолӣ маблағи зикршуда ҷудо мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, мактаби деҳаи Сари Мазор соли 1986 бунёд гардида, бино кӯҳнаву фарсуда ва бар асари сифати пасти сохтмон боми он корношоям ва дар фарш тарқишҳо пайдо шудаанд. Ғайр аз ин, шумори толибилмон аз ғунҷоиши мактаб зиёдтар буда, хонандагони синфҳои 10 ва 11 дар мактаби деҳаи ҳамсоя таҳсил мекунанд.
Дар доираи амалисозии лоиҳаи мазкур бинои нави мактаб бо шаш синф ва ду ҳуҷраи корӣ барои ҳайати шахсии мактаб сохта мешавад. Ғайр аз ин, мактаб бо таҷҳизоти таълимӣ, аз қабили мизу курсӣ ва тахтаи синфӣ низ таъмин карда хоҳад шуд.
Зимни пешниҳоди кӯмаки бебозгашти лоиҳаи амнияти гуманитарӣ барои қишри васеъи аҳолӣ бештар ба ҳокимияти маҳаллӣ, муассисаҳои маърифативу тандурустӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта афзалият дода мешавад. Шурӯъ аз соли 1996 дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур ҳукумати Ҷопон 273 лоиҳаҳои гуманитарӣ ба маблағи умумии 20 млн. доллари ИМА-ро дастгирӣ кард, ки баҳри рушди Тоҷикистон нигаронида шуда буданд.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста