Дар 50 деҳаҳои ноҳияҳои Ҳамадониву Восеъи вилояти Хатлон бо дастгирии ихтиёриён назарсанҷии васеъи аҳолӣ дар бораи сатҳи огаҳии онҳо аз бемории сил гузаронида мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори иҷроияи Кумитаи минтақавии Салиби Сурх дар минтақаи Кӯлоб Зайниддин Олимов хабар дод, назарсанҷӣ дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳаи Салиби Сурхи Финландия доир мегардад, ки ба коҳиши хатари гирифторӣ ба бемории сил равона шудааст.
Бино ба гуфти ӯ, дар ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ нишондиҳандаи баландтарини гирифторӣ ба бемории сил ба ба қайд гирифта шуда, ҳамасола дар ҳар кадоме аз ин ноҳияҳо аз 136 то 300 нафар беморони бори нахуст ба бемории сил мубталогардида сабт мешаванд.
«Бо такя ба натоиҷи таҳқиқоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ки соли 2009 доир гардид, метавон гуфт, ки аҳолии Тоҷикистон дар бораи аломатҳои беморӣ, тарзи гузаштани он ба каси дигар, ташхис ва муолиҷаи бемории сил огаҳии хуб надоранд, ки ба хеле дер ба табиб муроҷиат кардани чунин беморон боис мегардад, - идома дод ҳамсӯҳбат. – Дар маводи таҳқиқоти мазкур таъкид мегардад, ки 35,4%-и пурсидашудагон дар бораи тарзҳои интиқоли бемории сил чизе намедонанд. Қариб нисфи пурсидашудагон дар хусуси мӯҳлати табобаоти ин беморӣ ва қабул кардани доруворӣ пас аз хуб шудани вазъи саломатиашон огаҳии кофӣ надоранд».
Таҳқиқот ҳамчунин нишон дод, ки беморон дар бораи ройгон будани табобат маълумот надоранд, дар баъзе ҳолатҳо бошад, онҳоро маҷбур сохтаанд, ки маблағи табобатро пардохт намоянд.
Лоиҳаи зикршудаи Салиби Сурхи Финландия ҷамоатҳои 127 маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияҳои Ҳамадониву Восеъро дар бар мегирад, ки дар онҳо 320 ҳазор нафар иқомат доранд.
Олимов мегӯяд, фаъолияти лоиҳа ба гурӯҳҳои осебпазиру хатарнок, ки дар деҳаҳои мақсаднок зиндагӣ мекунанд, равона мегардад. Аз ҷумла, ба ин гурӯҳ шахсони бо толибилмони бемор дар тамосбуда, шахсони гирифтори бемории СПИД, муҳоҷирон, шахсони дорои бемориҳои кӯҳна ва собиқ маҳбусон шомил буда метавонанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста