|
Дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумати ҷумҳурӣ Конференсияи омодагӣ «Ба пешвози конференсияи СММ оид ба рушди устувор (РИО+20): масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи об» ба кор шурӯъ мекунад. Тавре аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар кори он муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон, Ҳамоҳангсози доимӣ/Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ Александр Зуев, Котиби «СММ-Масъалаҳои марбут ба об» Кенза Робинсон, Роҳбари Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон, Сафир Ивар Викки, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дигар сохторҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд. Ба иттилои манбаъ, дар конференсия баррасии масоили ҷанбаҳои мрбут ба оби минтақа, аз ҷумла истифодаи таҷрибаи пешқадам оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва минтақавӣ, масоили беҳбуди дастрасӣ ба оби ошомиданӣ, пешбурди истифодаи захираҳои обӣ барои рушд ва ҳифзи муҳити зист ва ғайра дар назар аст. |



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста