Дар шаҳри Хуҷанд Маркази нахустини такмили ихтисоси адвокатҳо дар Тоҷикистон ифтитоҳ мегардад .
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ҳайати мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд Моҳира Усмонова хабар дод, айни замон дар ҷумҳурӣ ниҳоди махсус ё маркази такмили ихтисоси адвокатҳо мавҷуд нест ва ин нахустин маркази омӯзишӣ барои адвокатҳо дар Тоҷикистон мебошад. «Қаблан барномаҳои кӯтоҳмуддати ҷудогона баргузор мешуданд, вале он мураттаб набуд. Барои мо бошад, маркази омӯзиши муттасил зарур аст», - гуфт Усмонова.
Маҳз барои ҳамин, ба қавли ӯ, дар ҳамдастӣ бо Марказ оид ба ҳуқуқи инсон адешаи ифтитоҳи Марказ барои омӯзиши адвокатҳо рӯйи кор омад.
«Дар марҳилаи аввал дар ин ҷо семинарҳо гузаронида мешаванд ва сипас сатҳи нави омӯзиш роҳандозӣ мешавад, зеро донистани таҷрибаи байнулмилалӣ, меъёрҳои қонунгузории миллӣ барои кори адвокатҳо хеле меҳуим аст», - мегӯяд Усмонова.
Баргузории силсилаи аввали семинарҳо дар моҳи ноябри соли равон ба нақша гирифта шудааст. «Ахиран қонунҳои нави зиёде, аз ҷумла Кодекси нави мурофиавӣ-ҷиноии ҶТ, Кодекси мурофиавӣ-граждании ҶТ ва ғайра қабул шуданд. Қонунгузорӣ дар ҳоли тағйир аст ва аз ин тағйирот адвокатҳо бояд ҳамеша огоҳ бошанд, - чунин мешуморад раиси ҳайати мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд. — Минбаъд мо ҷиҳати ҷалби созмонҳои байнулмилалӣ ба кори марказ кӯшиш ба харҷ хоҳем дод, то ки омӯзиш дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад».
Ба савол дар бораи шумори умумии адвоктҳо дар ҷумҳурӣ М.Усмонова гуфт, дар ин бора маълумот надорад, зеро дар ин хусус маълумот ё рӯйхати ягонаи адвокатҳо вуҷуд надорад. «Шумори умумии ҳайати мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд аз 147 нафар адвоатҳо иборат аст», - афзуд М.Усмонова.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста