Филиали Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар мурофиаи судии шаҳрвандӣ ба сифати даъвогар иштирок карда, муваффақ шуд, ки ба сокини шаҳр маблағи пулӣ барои моли корношоям баргардонида шавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори филиали мазкур Умедҷон Болтуев хабар дод, даъвои шаҳрвандӣ ба манфиати истеъмолгар моҳи ноябри соли 2010 ба суди шаҳри Хуҷанд фиристода шуда буд. Дар даъво бекор кардани қарордоди шифоҳии хариду фурӯш миёни яке аз мағозаҳои шаҳри Хуҷанд ва сокини ҳамин шаҳр талаб карда шуд. Аз ҷумла, истеъмолгар ният дошт, ки ҳавософкун (кондитсионер)-и корношоямро баргардонида, маблағи арзиши пулии он дар ҳаҷми 1 ҳазору 095 сомониро бозпас пардохт кунад. Ба ивазаш аз мағоза талаб карда шуд, ки ба истеъмолгар 600 сомонӣ ҳамчун зарари маънавӣ ва 1,5 ҳазор сомонӣ ба сифати ҷаримаи аҳдшиканӣ пардохт намояд.
Бо назардошти тамоми ҳолатҳои парванда, суд даъворо қонеъ сохта, дар бораи иҷрои он қарор содир кард. Акнун анҷоми минбаъдаи кор ба дӯши иҷрокунандагони судӣ аст.
«Фикр мекунам, ки айни замон агар истеъмолгарон – сокинони вилояти Суғд ба чанде аз масъалаҳои начандон мушкил таваҷҷӯҳ зоҳир созанд, дар суд аз ҳуқуқҳои худ дифоъ карда метавонанд. Дар моддаи 9 ва 10-и Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарон» гуфта мешавад, дар молу маҳсулот бояд дар бораи истеҳсолкунанда, фурӯшанда ва маҳсулот маълумот мавҷуд бошад. Масалан, агар зимни харидани техникаи маишӣ чунин маълумот мавҷуд набошад, аз фурӯшанда дархост намоед, ки дар бастаи молу маҳсулот ному насаб, санаи фурӯш, макони ҷойгиршавии нуқтаи фурӯш ва мӯҳлати кафолатнокро нависад ва зери он имзо гузорад. Ин амал зимни дифоъ аз ҳуқуқҳои худ дар суд далели кофӣ буда метавонад», - тавсия медиҳад Болтуев.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста