Шӯъбаи назорати маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии (INL) Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор $ маблағи грантиро дар чаҳорчубаи барномаҳои INL барои паст намудани талабот ба маводи нашъаовар (DDR) барои солҳои 2011-2012 ба ташкилотҳои ғайридавлатии маҳаллӣ ва байналмиллалӣ, ки ҳамаи чор вилоятҳои Тоҷикистонро дарбар мегиранд, ҷудо намуд.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ба шаш ташкилоти ғайридавлатии маҳаллӣ ва як бритониёвӣ оид ба мубориза ва пешгирии одамон аз нашъамандӣ маблағи грантӣ дода шуда буд. Ин ҳафт лоиҳаи интихобшуда тарзи ҳаёти солимро байни гурӯҳҳои ноустувор ба воситаи иқдомҳои таълимӣ, чорабиниҳои варзишӣ ва рақс, намоишномаҳои театрӣ ва дигар чорабиниҳо тарғиб менамояд. Дар гузашта Сафорати ИМА дар мавзуъи паст намудани талабот ба маводи нашъаовар мусобиқаҳои карате, дзю-до ва бодибилдингро тарзи дастгирӣ мекард, лекин бори аввал ба ташкилотҳои ғайридавлатӣ барои лоиҳаҳои дарозмӯҳлат маблағи грантӣ дода шудааст.
Зикр гардид, ки вусъатёбии маводи мухаддир аз Афғонистон аҳолии Тоҷикистонро дар марзи хатари нашъамандӣ мегузорад. Ташкилотҳои ғайридавлатии: Хуршед, Престиж, Маркази тадқиқоти журналистӣ, Академияи миллии олимпӣ, Даст ба Даст ва Маркази ҳуқуқӣ кӯдакон дар пешгирӣ ва паст намудани талабот ба нашъамандӣ бо усулҳои "ҳамсол бо ҳамсол", тақсими маълумоти таълимӣ, гузарондани машваратҳо, чорабиниҳои иттилоотии ахбори омма, таъмири биноҳои варзишӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ фаъолияти худро анҷом хоҳанд дод. Фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба огоҳонидани аҳолӣ аз хатари нашъамандӣ бо маълумот ва вусъатдиҳии малака барои интихоби тарзи зинлагии солимро равона шудааст.
Моҳи ноябри соли ҷорӣ дар чаҳорчӯбаи ин барнома консерти зидди нашъамандӣ дар шаҳри Душанбе ва монанди ҳамин чорабиниҳои фарҳангӣ дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронда хоҳад шуд. Барнома боз қисман таъмир намудани клуби варзишии Испечак ва биноҳои варзишӣ дар наздикии шаҳри Хоруғро дар бар мегирад. Тақсими дискҳои DVD бо консерти зидди нашъамандӣ ва филми мустанад дар мавзӯи зиндагии нашъамандон як қисми барномаро ташкил медиҳад.
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ният дорад дар оянда низ кӯмак ва дастгирии худро ба мардуми Тоҷикистон давом дихад. Аз соли 1992 инҷониб Ҳукумати ИМА баҳри амалигардонии барномаҳои мададрасон, ки фаъолияти институтҳои демократӣ, соҳаҳои тиб ва маориф, рушди иқтисодиёт, бехатарии сарҳад, волоияти қонун ва мубориза зидди маводи мухадирро дар Тоҷикистон тақвият медиҳад, такрибан 984 млн долларро сарф кардааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста