Хабарнигори бахши осиёиминагии Би-Би-Си Ӯрунбой Усмонов ва адвокати ӯ аз болои ҳукми додгоҳи вилоятии шаҳри Хуҷанд, ки дар таърихи 14-уми октябр содир шуда буд, ба Додгоҳи Олӣ шикояти кассатсионӣ бурданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Усмонова Файзинисо, адвокати Усмонов хабар дод, журналисти маҳкумшуда ва ҳимояи ӯ бо ҳукми айбдории додгоҳ, ки Усмоновро ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум кард, розӣ нестанд.
«Ҳарчанд бо истифода аз қонуни афв Усмонов аз толори додгоҳ озод шуда бошад ҳам, мо қатъиян ба ин ҳукм розӣ нестем, зеро он айбдоркунанда аст. Мо талаб карда будем, ки бегуноҳии ӯ эътироф гардад, чунки тамоми амали Усмонов ба фаъолияти касбии ӯ марбут буд», - гуфт Ф. Воҳидова.
Дар ҳамин ҳол, адвокат ба қарори воқеъбинонаи зинаи болоӣ умедвор набуда, мегӯяд, «бо назардошти таҷрибаи додгоҳӣ дар Тоҷикистон ва пурра мавҷуд набудани ҳукмҳои эътирофи бегуноҳӣ, ин шояд ғайриимкон бошад».
Ба қавли Воҳидова, агар Додгоҳи Олӣ шикояти зерҳимояи ӯро қонеъ насозад, ӯ ва Усмонов баҳри дарёфти адолат ба додгоҳҳои байнулмилалӣ муроҷиат хоҳанд кард. «Мо минбаъд низ пайи дарёфти адолати додгоҳӣ хоҳем буд ва метавонем ҳатто то Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон шикоят барем», - афзуд Воҳидова.
Ёдрас мекунем, ки Ӯрунбой Усмонов, хабарнигори осиёимиёнагии Би-Би-Си дар таърихи 14-уми октябри соли равон дар хабар надодан ба мақомот дар бораи содир шудани ҷиноят айбдор дониста шуда, ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Бо истифодаи қонуни афв ӯ аз толори додгоҳ озод карда шуд.
Ӯрунбой Усмонов 13-уми июни соли ҷорӣ боздошт шуда буд. Пас аз як моҳ ӯ бо шарти тарк накардани қаламрави кишвар озод карда шуд. Парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Ӯрунбой Усмонов бо парвандаи ҷиноии чаҳор нафари гумонбаршуда ба узвият дар созмони «Ҳизю-ут-таҳрир» ба як истеҳсолот ҳамроҳ карда шуд.
Пас аз содир шудани ҳукм хабаргузории Би-Би-Сӣ иттилоотеро пахш намуд, ки дар он айбномаи додгоҳ маҳкум гардида, гуфта мешавад, мурофиаи додгоҳӣ ҳеҷ қонуншиканиеро аз ҷониби Усмонов ошкор насохт ва мебоист бегуноҳии пурраи ӯро эътироф мекард.
«Мо минбаъд низ Усмоновро дастгирӣ намуда, умедворем, ки мурофиаи апеллятсионӣ бо эътирофи бегуноҳӣ ва барқароршавии обрӯву нуфузи кории Усмонов ҳамчун журналист ва нависанда анҷом меёбад. Мо ният дорем, ки ба суолҳои худ дар бораи шиканҷа ва муносибати ғайриқонунӣ нисбат ба Усмонов ҳангоми дар боздоштгоҳ қарор доштанаш посух бигирем ва нисбат ба камбудиҳои ҷойдошта дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ изҳори нигаронӣ мекунем», - гуфта буд директори Хадамоти умумиҷаҳонии Би-Би-Сӣ Питер Хоррокс.
Ҳукумати Британияи Кабир аз озодии Усмонов изҳори хушнудӣ карда, вале ба «боадолатона будани ҳукми додгоҳ шубҳа дорад».
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста