Моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе и ҷ лосияи навбатии Парлумони ҷ авонони То ҷ икистон баргузор мешавад.
Ба гуфтаи Эраҷ Саодатсайров, корманди дастгоҳи Парлумони ҷавонони Тоҷикистон, т аваҷҷӯҳи ҳукумати ҷумҳурӣ, қисмати зиёди созмонҳои байналмиллалӣ ва маҳаллӣ ба масъалаи ҳаёти ҷавонон ва саҳми онҳо дар рушди ҳамаҷонибаи кишвар рӯз то рӯз зиёд мегардад. Дар қисмате аз ин гуна барномаҳо Парлумони Ҷавонони Тоҷикистон бевосита кушиш ба харҷ медиҳад, то маърифати шаҳрвандӣ ва фарҳанги сиёсии ҷавонон, омӯзиши дақиқи системаи қонунгузории кишвар, принсипҳои асосӣ, қоидаву қонунҳои фаъолияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарзу марҳилаҳои қабули қарору қонунҳо, рушди донишу малакаи мубоҳисаронии ҷавононро беҳбуд бахшад.
«Дар таърихи 28-уми октябри соли ҷорӣ бо дастгирии бевоситаи Хазинаи кӯдакон (ЮНИСЕФ)-и Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди президенти ҷумҳурӣ дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҷумҳурӣ чаҳорумин иҷлосияи Парлумони ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид, - иттилоъ дод Эраҷ Саодатсайров. - Дар ҷаласаи мазкур вакилони ҷавон яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, яъне вазъи соҳаи маорифи Тоҷикистон ва сабабҳои паст шудани сатҳи саводу маърифатнокиро баррасӣ намуда, оид ба саҳми ҷавонон дар рушди маорифи Тоҷикистон андешаронӣ намуданд».
Номбурда, ҳамчунин қайд кард, ки вакилони ҷавони Парлумон дар масъалаи сифати маориф дар Тоҷикистон суханронӣ намуда, зикр карданд, ки яке аз вазифаҳои муҳим ҷалб намудани таваҷҷӯҳи ҷавонони ҷумҳурӣ ба баррасии ин масъала мебошад. Ҳамзамон дар ҷаласаи Парлумони Ҷавонони Тоҷикистон қарор қабул карда шуд, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ вакилон бояд бо ҷавонон дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ силсилаи вохӯриҳо анҷом дода, дар онҳо вазъи соҳаи маориф ва роҳу воситаҳои ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи онро баррасӣ кунанд. Ҳайати вакилон 63 нафарро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста