Баъд аз як соли бунёди иқтидор ва ҳалли мушкилот дар якҷоягӣ гурӯҳҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ (ГҲТҶ), ки аз тарафи ҳукумати ИМА таъсис дода шудаанд, дар Қайроққум, Ғарм ва Қумсангир нӯҳ Маркази ҳамкории милитсия ва ҷомеаро (МҲМҶ) кушоданд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, се марказ барои ҳар як ноҳия дар шӯъбаҳои корҳои дохилӣ ва идораҳои сардорони милитсияи маҳаллӣ ҷойгир шудаанд. Ин марказҳо барои милитсия ва ҷомеа ҷой фароҳам меоварад, ки дар он онҳо якҷоя ҳалли мушкилоти ҷомеа оиди пешгирии ҷиноят, беҳтар намудани бехатарӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагиро меёбанд.
Сардори раёсати тартиботи ҷамъиятии Вазорати корҳои дохилӣ генерал Мумин Зинатов тасдиқ намуд, ки “Таъмини тартибот танҳо ба воситаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа самаранок шуда метавонад. Марказҳо имконият медиҳанд, ки милитсия бо ҷомеа наздиктар кор барад.” Дар ноҳияи Рашт раиси ҷамоати Ҳоит ба ҳозирин ёдрас кард, ки “Қонун барои ҳама як аст - ҳам ба милитсия ва ҳам ба шаҳрвандон. Акнун мо барои худ ҷое дорем, ки дар он ҳисси ҳурмату эҳтироми волоияти қонунро боло бардорем.”
Бюрои мубориза зидди гардиши маводи мухаддир ва кор бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (INL) ба воситаи лоиҳаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа, ки аз тарафи Зе Эмерҷенс Груп (TEG) амалӣ машавад, кӯмаки молиявиро, ки ба $20 000 доллари амрикоӣ баробар аст, барои таъсис додани марказҳои ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар ҳар як ноҳия, аз ҷумла, барои масолеҳи сохтмонӣ барои таъмири сабук, мебели ҷои корӣ ва таҷҳизоти компютерӣ ҷудо намуд. Гурӯҳҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дархостномаҳои лоиҳавиро кор карда баромаданд ва қувваи меҳнатиро барои таъмир таъмин намуданд. Намояндагони ВКД, ҳукумати маҳаллӣ ва ҷомеа дар маросими ботантанаи кушодашавии марказҳо дар ҳамаи се ноҳия иштирок намуданд. Ҳамчунин вобаста ба кушодашавии марказҳо гурӯҳҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ барои ҷавонон чорабиниҳои варзиширо ташкил карданд, аз ҷумла, бозиҳои волейбол, баскетбол ва футбол. Инчунин онҳо дар мавзӯи бунёди ҳамкорӣ, малакаҳои робитавӣ, ҳалли мушкилот ва пешгирии зуроварӣ дар оила омӯзиш барои милитсия ва ҷомеаро мегузаронанд. Гурӯҳи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар Қумсангир қисми маблағро барои ташкили маркази дӯзандагӣ бо чор мошини чокдузиро дар ГҲТҶ-и Панҷ истифода кард.
Эрик Ҳэмрин, корманди INL оид ба корҳои хориҷӣ, ш. Вашингтон, дар маросими кушодашавии марказҳо иштирок намуда, гуфт, ки “Барномаи ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар ин ноҳияҳо метавонад як намунаи хубе барои омӯзиш аз тарафи дигар деҳот, ноҳия ва вилоятҳои Тоҷикистон ва ҳатто дигар давлатҳо шавад.”
Аз соли 1992 инҷониб ҳукумати ИМА зиёда аз $984 миллион доллар барои барномаҳои ёрирасон, ки системаи мақомоти ҳуқуқ ва бехатарӣ, болоравии иқтисодӣ, институтҳои демократӣ, ҳифзи тандурустӣ ва маорифро дар Тоҷикистон дастгирӣ менамояд, маблағгузорӣ намудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста