Имрӯз аз қаламрави Русия 11 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ватан истирдод мегарданд.
Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, вобаста ба рӯйдодҳои охирини дар Федератсияи Русия ба амал омада, ки ба шароити будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иртибот доранд, хадамоти мазкур зарур меҳисобад то баъзе паҳлӯҳои ин масъаларо равшан намояд. Зумрае аз расонаҳои хабарӣ ахбори нодуруст дода, баръакс авзоъро дигаргуна нишон доданӣ мешаванд. Бояд қайд кард, ки то 8-уми ноябри соли равон дар боздоштгоҳҳои муваққатии Федератсияи Русия ҳамагӣ 84 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон нигоҳ дошта мешуданд. Ба ҳолати 12-ноябри соли равон миқдори онҳо ба 135 нафар ва то 14- ноябри соли 2011 шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатии боздоштшуда ба 205 нафар расидааст. Ҳамаи он дар марказҳои нигоҳдорӣ барои шаҳрвандони хориҷии мақомоти корҳои дохилии Федератсияи Русия ҷойгиранд ва ҷиҳати аз қаламрави Россия рондан нигоҳ дошта мешаванд.
Дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии он дар Федератсияи Русия барои шаҳрвандони кишварамон телефонии боварӣ тариқи шабонарӯзӣ кор мекунад. Шаҳрвандони мо метавонанд тавассути телефонҳои: 2-25-07-19; 2-25- 05- 89; 918-62-49-95 инчунин бо телефонҳои +74959679844, +79258808038, +7(499)-2513889, +7906-724-02-02 дар Федератсияи Русия оид ба ҳолатҳои поймол гардидани ҳуқуқу манфиатҳояшон муроҷиат намоянд.
Ҳамчунин дар Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ситоди доимоамалкунанда таҳти роҳбарии Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия А. Достиев ташкил карда шудааст, ки дар он роҳбари Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва дигар шахсони мақомотҳои расмии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия шомил мебошанд. Ситод фаъолияти худро тариқи шабонарӯзӣ ба роҳ мондааст.
Тибқи маълумотҳои охирини мо рӯзи 15- ноябри соли равон аз шаҳри Москва рондани 11 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Аз ҷумла, Амриддинов Ёқуб Латипович- соли таваллудаш 1991 (қарори суд оиди рондан аз 06.10.2011), Султонбеков Муҳаммадрасул Сафармамадович - соли таваллудаш 1986 (қарори суд оиди рондан аз 06.10.2011), Абдураҳмонов Бахтиёр Аҳмадқулович - соли таваллудаш 1977 (қарори суд оиди рондан аз 05.11.2011), Сангинов Ҳусейн Анварович - соли таваллудаш 1992 (қарори суд оиди рондан аз 05.10.2011), Болтубоев Зафар Ҳайдарович - соли таваллудаш 1989 (қарори суд оиди рондан аз 05.10.2011), Аҳмадов Муҳаммадҷон Ғафуралиевич - соли таваллудаш 1993(қарори суд оиди рондан аз 04.10.2011), Абдураҳмонов Ӯзоқбой Ғанибоевич - соли таваллудаш 1976(қарори суд оиди рондан аз 04.10.2011), Эргашев Баҳодур Бахтиёрович - соли таваллудаш 1992(қарори суд оиди рондан аз 04.10.2011), Абдуллоев Сироҷиддин Раҳмонқулович - соли таваллудаш 1991(қарори суд оиди рондан аз 03.10.2011), Исмоилов Талабшо Ҷумахонович - соли таваллудаш 1985(қарори суд оиди рондан аз 07.09.2011) ва Ҷуманазаров Фаррух Имомҷонович - соли таваллудаш 1987(қарори суд оиди рондан аз 04.10.2011) ба ин руйхат шомиланд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, тайи рӯзҳои ахир ҳеҷ амале ҷиҳати рондани шаҳрвандони тоҷик аз қаламрави Русия сурат нагирифтааст.
Зикр мегардад, ки сарфи назар аз тамоми мушкилот, Намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Федератсияи Русия кӯшиш намуда истодааст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизмати адвокатҳо баҳравар бошанд. Аз ҷумла, ҷиҳати расонидани ёрии ҳуқуқӣ 7- нафар шаҳрвандони зерин: Каримов Абӯбакр Қосимович- соли таваллудаш 1985, Иззатзода Беҳрӯзи Саъдулло- соли таваллудаш 1992, Иброҳимов Ҷомӣ Акаевич - соли таваллудаш 1959, Бердиқулов Ризоқул Бобоқулович - соли таваллудаш 1986, Қаландаров Азизбек Мӯсоевич - соли таваллудаш 1993, Бурҳонов Фирдавс Камолиддинович - соли таваллудаш 1983 ва Ҳакимов Саидмурод Давлатович - соли таваллудаш 1990 бо хизматрасонии адвокатӣ фаро гирифта шуданд.
Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Намояндагии Хадамот дар Федератсияи Русия бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти ба амаломада дар ҳамкорӣ бо Хадамоти Федералии Муҳоҷирати Федератсияи Русия барои ҳаллу фасли ин қазия чораҳои лозимаро андешида истодааст.
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иллати ҳақиқӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 декабри соли 2024
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста