Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интиқоли лавозимоти тиббиро ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 35 млн. доллари амрикоӣ маблағгузорӣ намуд, ки ин бузургтарин ҳамлу нақли алоҳида аз соли 2001 то инҷонибро ташкил медиҳад. Доруворӣ ба таври ройгон ба бемористон ва муассисаҳои тиббӣ саросари Тоҷикистон тақсим карда мешавад.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, сафири ИМА Кен Гросс дар маросими тақдими лавозимоти тиббӣ ба касалхонаи бемориҳои сирояткунандаи шаҳри Душанбе ширкат намуд. Кӯмак аз доруворӣ ба маблағи миллионҳо доллар барои мубориза бо касалии гепатити С, антибиотикҳо ва инчунин доруворӣ барои касалиҳои онкологӣ, дил ва рӯҳӣ иборат буд. Ин доруҳо байни дармонгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, ва ҳамчунин вилоятҳои Хатлон ва Суғд тақсим карда мешаванд.
Ширкатҳои хусусии ИМА ва бахшҳои амрикоии ширкатҳои байналмилалии дорусозӣ, аз ҷумла GlaxoSmithKline, Abbott, Lundbeck, Merck, Hospira ва Allergan доруҳоро ҳадя намуданд ва Департаменти давлатии ИМА ҳамлу нақли онро таъмин намуд. Лоиҳаи ҲОУП («Имконияти тандурустӣ барои мардум дар тамоми ҷаҳон») дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ касалхонаҳои ба кӯмаки тиббӣ бештар ниёз доштаро интихоб карда, тақсимоти лавозимотро ҳамоҳанг намуд.
Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ ин чорумин кӯмаки лоиҳаи ҲОУП ба Тоҷикистон аст. Лоиҳаи ҲОУП созмони байналмилалӣ дар соҳаи беҳдошти саломатӣ буда, дар Тоҷикистон аз соли 2002 инҷониб фаъолият дорад. Лоиҳаи ҲОУП ба Тоҷикистон маводу таҷҳизоти тиббиро ба маблағи умумии 322 миллион доллари амрикоӣ таъмин намудааст. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва ёрии башардӯстона ҷихати кӯмак ба ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон маблағи беш аз 984 миллион доллари амрикоӣ таъмин намудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста