Ахири ҳафтаи гузашта дар қуллаи баланди кӯҳи Мевағул аз ҷониби хизматчиёни Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳаҷман калон асту аз тамоми гӯшаю канори Хуҷанд ба чашм мерасад, насб карда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ҷавонон, варзиш ва саййёҳии вилояти Суғд хабар доданд, парчами дарозиаш 250 ва паҳноиаш 15 метр аз шоҳӣ тайёр карда шуда, мустақиман ба замин мустаҳкам карда шудааст. Насби парчами мазкур дар доманакӯҳ ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи парчами миллӣ, ки санаи 24-уми ноябр дар ҷумҳурӣ таҷлил мегардад, амалӣ гардид.
Соли гузашта ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи парчами миллӣ дар нуқтаи баландтарини кӯҳи Мевағул, ки дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст, дар поягоҳ парчами миллии дарозиаш 20 ва паҳноиаш 15 метр гузошта шуда буд.
Дар вилояти Суғд дар доираи ҳафтаи Парчами давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилотҳо, маҳаллаҳо ва марказҳои фарҳангӣ мулоқоту вохӯриҳо бо аҳли зиё баргузор мегарданд, чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, роҳпаймоии ҷавонон дар шоҳроҳи Хуҷанд - Ғафуров бо Парчами 250-метра, сӯҳбатҳои «Мизи мудаввар» гузаронида мешавад.
Ёдрас мекунем, ки соли равон ба ифтихори таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар пойтахт поягоҳи дар ҷаҳон баландтарини парчами миллӣ насб гардид, ки баландии он 165 метрро ташкил медиҳад. Дар рӯзи таҷлили ҷашн бошад, дар гузашти идона дар пойтахт парчами дарозиаш 2011 метр гузаронида шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста