Мулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов дар маҳалаву қасабаҳои шаҳр бо собиқадорони ҷангу меҳнат, кӯҳансолон идома дорад.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд хабар доданд, чунин мулоқот ва сӯҳбати ошкорову самимӣ бо куҳансолони маҳаллаҳои ба номи Содирхон Ҳофиз, «Сари Баландӣ» ва «Шарқ» бо иштироки вакилони Маҷлиси шаҳрии вакилони халқ Акрамхон Маҳмудов ва Юсуфҷон Умаров, ки воқеан фаъолияташон аз ҷониби иштирокдорони мулоқот - интихобкунандагонашон хеле хуб арзёбӣ шуд, баргузор гардид.
Ба иттилои манбаъ, пирони кор аз рушду нумӯъ, пешрафти иқтисодиёт, торафт беҳбудёбии ҳаёти иҷтимоӣ, болоравии сатҳи маънавии ҷомеа, ободии шаҳру вилоят ва мамлакат ҳарф зада, ҳамаи инро шарофати даврони тинҷу пуросоиш, сиёсати ояндабинонаи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, кӯшишҳои ҳамаҷонибаи Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода маънидод карданд.
Ҳамчунин аз ҷониби онҳо дар мавриди ташаккули сиёсати шаҳрдорӣ, боз ҳам ободу зебо гардондани саросари Хуҷанд, таъмиру таҷдиди роҳу кӯчаҳои дохилӣ, чароғонкунии маҳаллаҳо, бознигарии нарху наво дар бозорҳо, барқарор кардани фаъолияти чойхонаҳо, ки маркази фарҳангии маҳал ва макони басо мусоиди сӯҳбати мӯйсафедон аст, тарбияи наврасону ҷавонон, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҷараёнҳои ғайриқонуниву ифротгаро, мусоидат ба истифодаи самараноки толору майдончаҳои варзишӣ барин масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа ва маҳал ибрози назар карда шуд.
Раҷаббой Каримов барои маслиҳатҳои муфид ба пирони рӯзгор изҳори сипосмандӣ карда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки ҳамеша пешсафи ҷомеа, маслиҳатгари доимии насли ҷавон бошанд ва дар ҳаёти ҷамъиятии шаҳр фаъолона ширкат варзанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста