Роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский бар ин назар аст, ки айни замон ҷорӣ сохтани реҷаи раводид миёни Русия ва як қатор кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон ғайриимкон аст .
«Бо назардошти ташкили фазои ягонаи авруосиёӣ ва ҳамгиройии Русия бо кишварҳои қораи Осиё, ҷорӣ сохтани реҷаи раводид бо ин кишварҳо мувофиқи мақсад нест», - гуфтааст вай.
Дар идома номбурда зикр кардааст, ки иқтисоди Русия барои фаъолияти мӯътадил дар як сол ба 330 ҳазор муҳоҷири корӣ ниёз дорад.
Ба қавли ӯ, тибқи маълумоти омории ВКД-и Русия, ҳудуди 3,4%-и ҷиноёти содиршуда дар Русия ба муҳоҷирони корӣ рост меояд. Дар шаҳри Маскав ин нишондиҳанда ба 19% баробар аст.
«Муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба иқтисоди Русия хисороти зиёд ворид сохта, талафоти андоз аз он то ба 40 млрд. рубл мерасанд», - иброз доштааст вай.
Ҳудуди 1,7 ҳазор муҳоҷирони корӣ, ки сеяки онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд, то судури қарори додгоҳ дар бораи истирдод аз Русия барои нақзи қонунгузории ин кишвар дар боздоштгоҳҳои махсус қарор доранд.
Нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки моҳи ноябр боздошт шуда буданд, Ромодановский гуфтааст, агар додгоҳ дар бораи ихроҷи онҳо аз Русия қарор қабул кунад, онҳо ба ватан фиристода хоҳанд шуд.
Роҳбари Хадамоти федералии мӯҳоҷирати Русия таъкид сохтааст, ки боздошти муҳоҷирини кории тоҷик ба «қазияи халабонон» вобаста набуда, қарори ошкор ва боздошти муҳоҷирини кории ғайриқонунӣ дар Маскав ҳанӯз моҳи сентябр зимни мулоқоти ӯ бо раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин қабул шудааст.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста