Ҳамасола ба хадамоти шиноснома ва бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз 10 то 14 ҳазор ариза барои гирифтани ҳуҷҷатҳо, ки шахсиятро тасдиқ мекунанд, ворид мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, аксари ин аризаҳо аз муҳоҷирони корие, ки дар хориҷи кишвар ҳуҷҷатҳояшонро гум кардаанд, ворид мегардад.
Дар робита ба ин масъала мақомоти раҳбарии хадамоти шиноснома ва бақайдгирии вазорат ният дорад, марҳила ба марҳила шӯъбаҳои худро дар саросари ҷумҳурӣ ба шабакаи Интернет васл намояд, то ки шаҳрвандон дар хориҷи кишвар бидуни сафар ба Тоҷикистон нусхаҳои шиносномаву шаҳодатнома дар бораи таваллудашонро гирифта тавонанд.
«Дар марҳилав аввал 10 шӯъбаҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои наздики шахри Душанбе ба шабака пайваст карда мешаванд. Дастгирии молиявӣ аз ҷониби Созмони байнулмилалӣ оид ба муҳоҷират сурат хоҳад гирифт», - гуфт манбаъ.
Дар ВКД мӯътақиданд, ки ин навоварӣ ба муҳоҷирон дар ҳалли мушкилоташон кумаки беандоза хоҳад расонид. «Ин ба дарёфти афроди таҳти пайгарди қонунӣ қарордошта ва шахсони бедаракшуда низ мусоидат хоҳад кард», - иброз доштанд дар вазорат.
Дар ҳамин ҳол, Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати кишвар маълумоти коршиносон бобати дар хориҷи кишвар қарор доштани миллионҳо муҳоҷирини кории тоҷикро қотеъона рад месозад.
Дар иттилои хадамоти мазкур гуфта мешавад, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №378 «Дар бораи бақайдгирии муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ва бозгашт аз хориҷа», Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рафту омади муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳти назорати қатъӣ қарор додааст ва дар ҳама гузаргоҳҳои сарҳадӣ бақайдгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар 10 моҳи соли ҷорӣ аз фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5.342 (соли гузашта 3330) хатсайр ва аз вокзалҳои роҳи оҳани ҷумҳурӣ 250 (соли гузашта 240) қатора ба кишварҳои ИДМ парвоз ва сафар намудаанд. Дар ин муддат аз қаламрави ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар 665.058 (соли гузашта 461777) нафар муҳоҷирони меҳнатӣ сафар намудаанд.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста