Сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Тревор Мур рӯзҳои 29-30 ноябри соли ҷорӣ, дар якҷоягӣ бо кормандони Сафорат ва Намояндагии Вазорати рушди байналхалқии Британияи Кабир (ВРББ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз водии Зарафшон боздид кард. Сафир дар ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакент як қатор вохӯриҳо гузаронид.
Тавре аз сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон хабар доданд, гурӯҳи корӣ бо масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ин минтақа шинос шуд ва рафти амалӣ гаштани кӯмакҳоеро, ки аз тарафи DFID дар доираи Барномаи рушди иқтисодии деҳот (RGP) маблағгузорӣ шудааст, аз назар гузаронид.
Дар доираи Барномаи рушди иқтисодии деҳот, ВРББ ва Барномаи рушди СММ бо ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҷамоатҳои ноҳияҳои Айнӣ ва Панҷакент ҷиҳати беҳтар намудани банақшагирӣ, амалисозии Барномаи рушди ноҳияҳои мазкур ва дастгирии соҳибкории хурд тавассути пешкаш намудани қарзҳо ва маслиҳатҳои техникӣ аз ҷониби мутахассисон аз наздик хамкорӣ карда истодаанд.
Рӯзи 29-ми ноябр сафир бо гурӯҳии кориаш бо Рустам Раҳматов, раиси ноҳияи Айнӣ машварати корӣ доир намуд. Рустам Раҳматов ҳайати намояндагиро бо дастовардҳои имрӯзаи ноҳия шинос намуд. Ҳамон рӯз ҳайати расмӣ бо Гурӯҳи корӣ оид ба тартиби лоиҳаи Барномаи рушди ноҳияи Айнӣ вохӯрӣ намуд. Дар ҳамон рӯз ҳайат ба фаъолияти ширкати «COMSUP», ки ба коркарди маъданҳои кӯҳӣ машғул аст, низ ошно гардид.
Рӯзи 30-ми ноябр ҳайати Сафорати Британия Кабир бо гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Барномаи рушди ноҳияи Панҷакент вохӯрӣ намуд, ки дар он муваффақиятҳои Барномаи рушди ноҳия ва амалигардонии он муҳокима шуданд.
Ҳангоми вохӯрӣ бо ҷаноби Хусрав Абдуназаров, раиси ноҳияи Панҷакент ҳайати меҳмонон бо дастовардҳои ноҳияи Панҷакент ва водии Зарафшон шинос гардиданд.
Сафир ҳамчунин аз макони бостонии Панҷакенти қадим боздид карда, бо профессори тоҷик Шароф Қурбонов вохӯрӣ намуд. Номбурда меҳмононро бо идомаи пажӯҳиши пурарзиши бостоншиносӣ шиносоӣ намуд.
Сипас Тревор Мур ва ҳайати корӣ ба студияи телевизиони маҳаллии «Симо» ташриф оварданд. Раҳбари студия ҷаноби Ғайбулло Муҳаммадиев оид ба телевизиони «Симо» ва фаъолияти имрӯзаи он ба сафир иттилоъ дод.
Баъдан ҳайати корӣ бо фаъолияти Асосиатсияи истифодабарандагони оби «Одил Темур», ки дар доираи Барномаи рушди иқтисодии деҳот сармоягузорӣ шудааст, шинос гардид. Меҳмонон ҳамчунин бо намояндагии VSO, ташкилоти ғайридавлатии британӣ, ки бо Федератсияи Асосиатсияи истифодабарандагони об дар Панҷакент ҳамкорӣ дорад, вохӯрӣ намуданд. Баъдан сафир бо намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятии ноҳияи Панҷакент сӯҳбат орост ва дар вохӯрии мустақим бо иштироки донишҷӯён ва муаллимони Донишгоҳи Омӯзгории Панҷакент ширкат варзид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста