Аҳолии деҳаи Чашмаиҷӯшони ноҳияи Мӯъминобод аз даъвати ба таври дастаҷамъона бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ истиқбол намуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати хоҷагии оби ноҳияи мазкур Сайфиддин Бозоров хабар дод.
Ӯ зикр кард, ки боришоти пай дар пайи борон рӯзҳои 17-18-уми ноябр 16 манзили зист, то 500 метр роҳи автомобилгарди деҳаро қисман хароб карда, зерсохтори деҳот низ аз он хисороти гуногун бардошт.
Ба гуфтаи номбурда, аз ҷараёни шадиди сел сарбанди об тоб наовардааст. «Имрӯз барқарор кардани то 80 метри сарбанд ва анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунии рӯдхонаи Лангар зарур аст», - гуфт вай.
С.Бозоров афзуд, барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ Вазорати мелиоратсия ва захираҳои обии ҷумҳурӣ ва ҳукумати ноҳияи Мӯъминобод кӯмаки молиявӣ расонида, КВД «Муҳофизат аз сели Тоҷикистон» 5 адад техникаи махсус ҷудо кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста