Дар шаҳри Душанбе ифтитоҳи якчанд мактабҳои шабона барои коргарҷавонон ба нақша гирифта шудааст. Дар ҳар як ноҳияи шаҳр кушодани яктогӣ чунин мактаб пешбинӣ мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар Раёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд, омӯзиш дар ин мактабҳо бо забонҳои русиву тоҷикӣ ба роҳ монда мешавад.
Айни замон лоиҳаи дахлдор дар ин хусус омода гардида, барои мувофиқа ба идораҳои дахлдор пешниҳод шудааст. Пас аз гирифтани тамоми хулосаҳо мӯҳлати оғози машғулиятҳо ва сарчашмаҳои маблағгузорӣ муайян карда мешавад.
Бо анҷоми таҳсил толибилмон чун хонадагони макотиби таҳсилоти умумӣ номаи камолот мегиранд. Машғулиятҳо шомгоҳон дар вақти барои ҷавонон мувофиқ гузаронида мешаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста