Рӯзи 25 январи соли 2012 дар толори конфронсии меҳмонхонаи Тоҷикистон Ҷаласаи 11 -уми Шабакаи ташкилотҳои ҳамкор оид ба Устувории обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ баргузор мегардад. Дар ин бора аз намояндагии Оксфам (Британияи Кабир) дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд.
Ҷаласа бо иштироки вазири мелиоратсия ва захираҳои об ҷаноби Раҳмат Бобокалонов, Директори минтақавии Ражёат оид ба Рушд ва Ҳамкории Швейтсария ҷаноби Питер Микула, иҷрокунандаи вазифаи директори минтақавии ташкилоти Оксфам дар Тоҷикистон хонум Мадина Алибердиева, иҷрокунандаи вазифаи ҷонишини директори минтақавии БРСММ ҷаноби Андрей Погребняк ва боз бисёре аз мансабдорони воломақом баргузор мегардад.
Дар ҷаласа масъалаи андозбандӣ ва коррупсия дар бахши оби нӯшокӣ, системаи равзанаи ягона ва ҷудо намудани замин барои гирифтани иҷозат баҳри сохтмони системаи обтаъминкунӣ муаррифӣ гардида, он аз тарафи иштирокчиён мавриди барассӣ қарор мегирад. Ҳамчунин дар рафти ҷаласа ролики кӯтоҳи ҳуҷҷатӣ аз фаъолияти Шабака намоиш дода мешавад. Намоиши ролики мазкур дар телевизиони ҷумҳурӣ низ дар назар аст.
То ба имрӯз Шабака минбари худро барои зиёда аз 60 ҷонибҳои ҳавасманд, аз қабили сиёсатмадорон, сармоягузорон, олимон, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва байнахалқӣ пешниҳод намуда, ҷонибҳои ҳавасманди гуногунро дар бахши таъминоти оби нӯшокии деҳот, имкони дастрасӣ ба раванд, ахборот ва забон, ки барои иштироки фаъолона дар таҳқиқот ва ба тартиб даровардани устуворӣ ва қарорҳои босамар барои идора кардан, хизматрасонӣ ва нигоҳдории бахши таъминоти оби нӯшокӣ дар деҳоти ноҳияҳои Тоҷикистон зарур аст, дастгирӣ мекунад.
Тавассути ҳамкориҳои муштараки ҳамаи ҷонибҳои ҳавасманд як қатор масъалаҳо, аз қабили соҳибмулкӣ ва идоракунии саривақтии системаи обтаъминкунӣ ва беҳдоштӣ, осон намудани раванди маъмурӣ барои гирифтани иҷозат баҳри сохтмон, азнавбаҳисобгирии системаи обтаъминкунӣ дида баромада шуд. Дар натиҷа аз ҷониби мушовирон ва мутахассисон як қатор таҳқиқотҳо гузаронида шуда, 4ҳуҷчати стратегӣ ва 2 роҳнамо омода гашта, ба шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба таъминоти оби нӯшокӣ барои дида баромадан ва ворид намудани қарори охирин пешниҳод гардидааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста